Субҳи имрӯз, 08.10.2019 дар назди бинои хобгоҳи донишҷӯёни донишкада дар вазъияти тантанавӣ Давлатзода Зевар – муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Сайфиддин – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидвализода Раҷабалӣ – директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хушзода Шералӣ – муовини якуми раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Ғанизода Ҷамшед – ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва дигарон маркази бачагонаи рассомӣ ва майдончаи варзиширо ифтитоҳ намуданд.
Бинои хобгоҳи донишҷӯён бо тарҳ ва намои муосир таъмир шуда, ҳуҷраҳои истиқоматӣ дорои тамоми шароити будубош мебошанд. Он аз чор ошёна иборат буда, дорои ҳаммом, утоқҳои маишӣ, ошхонаҳо, толор, китобхона ва утоқи ҷомашӯӣ мебошад. Дар баробари ин дар бинои хобгоҳи донишкада маркази бачагонаи рассомӣ ташкил карда шуда, дорои беҳтарин шароит барои таълим мебошад. Майдони варзишии ба истифода дода шуда барои гузаронидани бозиҳои футбол, волейбол ва басткетбол пешбинӣ шудааст.
Инчунин худи ҳамин рӯз дар толори нав аз таъмир баровардаи донишкада бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ”, “Рӯзи муаллимон”, супоридани дипломҳо ба хатмкардагон ва магистрон” чорабинӣ баргузор гардид.
Ба чорабинии мазкур ректори донишкада ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу – ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъсис ёфта, имрӯз дар он шароити хуб барои таълими донишҷӯён ва дар хобгоҳи он шароити хуби зист фароҳам оварда шудааст. Дар охири суханрониҳои худ ректори донишкада минатдории хешро ба Роҳбари давлат, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчиён ва сохтмончиён баён намуд.
Дар ин чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин иштирок ва баромад намуданд.
Лоиқ ба таъкид аст, ки донишкада дорои 21 ихтисос буда, ба донишҷӯён беҳтарин дизайнерон, кандакорон, ҳайкалтарошон, Арбобони ҳунари Тоҷикистон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд. Айни замон шумораи донишҷӯёни донишкада 1570 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд. Самти таълим дар донишкада асосан ба эҷодиёт нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмию эҷодӣ ҷалб карда мешаванд. Таълим дар донишкада бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат омода карда мешавад. Зикр мегардад, ки донишкада дорои синфхонаи муосири таълим, китобхона, китобхонаи электронӣ, устохонаҳо, ҳуҷраҳои омӯзгорон, ошхона ва толори фарҳангӣ мебошад.
Дар рафти чорабинӣ ба хатмкунандагони донишкада дипломҳои хатми бакалаврият ва магистрӣ супурда шуд. Дар охир донишҷӯён либосҳои омоданамудаи худро намоиш дода, ҳаваскорон бошанд бо баромадҳои худ хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.