Табрикот
Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Шуморо бо фарорасии 28-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб муборакбод гуфта, ба Шумову наздиконатон хонаободию тансиҳатӣ ва комёбиҳои беназир таманно менамояд.
Орзумандем, ки бо қадами мубораки 30-солагии Истиқлолияти кишвар роҳи пуршарафи ватансозону меҳанпарастони Тоҷикистони азиз, ҳар як фарди бонангу номус ва худшиносу худогоҳ равшантар гашта, рӯзгори халқи шарафманди диёр ҳамеша сарсабзу гулафшон боқӣ бимонад.
Рӯзи Артиши миллӣ муборак!