Дар замони 32-соли соҳибистиқлолии мамлкат бо назардошти нақшаҳои стратегии Ҳукумати кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор натиҷаҳои мусбӣ ноил гардид. Ҳадафҳои стратегии миллӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз зумраи онҳост.
Бо эълон шудани ҳадафи навбатии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” иҷро шудани бандҳои дурнамои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро боз ҳам ба мақсад наздиктар менамояд.
Мақсади асосии Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин ҳадафҳои миллии банақша гирифташуда аз рӯзи аввали давлатдорӣ, ин рушди устувори инсон, беҳбуд бахшидани шароитҳои иқтисодиву иҷтимоии миллати тоҷик ва шаҳрвандон, соҳиб шудан ба зиндагии шоиста дар дохили Тоҷикистон мебошад.
Аз ин ҷост, ки ҳанӯз соли 2008-ум аввалин фаъолиятҳои неки мақсаднок дар НОБ-и Роғун бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат оғоз гардида баъдан ривоҷу равнақ ёфт. НОБ-и Роғун иншооти аср мебошад ва ҳангоми боздид аз ин кохи нур ва умеди ояндаи миллати тоҷик боз ҳам ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳро ба ояндаи дурухшони Тоҷикистон дилгарм намуда, ояндаи дурахшони он дар пеши чамш ҷилвагар мегардад, инсони бедордил, ки қадри ватану миллат ва ободиву озодии онро дарк менамояд, мехоҳад худ низ дар ҳамин ободиҳо, корҳои созандагӣ, беҳтар намудани шароитҳои иқтисодиву иҷтимоии ватани азиз, заррае ҳам бошад саҳмгузорӣ кунад.
Ҳангоми боздид аз нуқтаҳои муҳими сохтмонии НОБ-и Роғун иттилоъ гирифтем, ки як тунели обпарто дар як сония то 3500 куб об мепартояд, ҳангоми обҳои зиёдатии обанборро ба эътидол овардан ва ҳолати эътидолии онро нигоҳ доштан зарур мебошад. Инчунин дар сохтмони НОБ-и Роғун зиёда аз 15 ҳазор сохтмончӣ фаъолият менамояд. Дар бунёди сарбанд, ки баландиаш ба 335м мерасад, бори аввал 29-10-2016 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон расо якуним соат худ савори булдозери вазнин ва маҷрои обро баста ба бунёди он ҳусни оғоз бахшид. Ин сарбанди сунъи бо 75 миллион куб сангу шағал, хок ва дигар маҳсулотҳои таҳҷоии табиӣ сохта мешавад, ки ин аз ҷиҳати иқтисодӣ мақсадноку манфиатовар дар сохтмони нерӯгоҳ ба ҳисоб меравад.
Ҷои полоиши баъди сарбанд ғафсии 20м-ро дорад ва аз як тараф чуқурии ҷои агрегатҳо то 1000м ва аз тарафи чап бошад 700м, инчунин дарозии майдони агрегатҳо то 220м мебошад, ки ба назардошти ҳама гуна офатҳои табии ва техногенӣ тобовар бошад. Обанбори сохташавандаи НОБ-и Роғун то 13,3 млрд куб обро дар бар мегирад.
То имрӯз 2 агрегати НОБ-и Роғун ба кор даромадааст ва то соли 2024 муҳандисон, коршиносон ва сохтмончиён нақша доранд агрегати сеюми онро низ ба кор дароваранд. Ҳангоми пурра ба итмом расидани нерӯгоҳ ва фаъолияти 6-агрегати он бо иқтидори 3600МВ/соат ва тақсими қувваи барқ барои истифода дар дохили мамлакат ва хориҷ аз он барои дигаргун намудани шароит ва нишондодҳои динамикаи иқтисодӣ мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Чун фаъолияти шабонарӯзии сохтмончиёнро бо чашм аз наздик дида, итминон дорем, ки бо иродаи мардуми меҳнатқарину ватандӯсти тоҷик, муҳандисону сохтмончиён ва дигар муассисаву идораҳое, ки дастгири маънавии ин иншооти аср мебошанд, сохта шуда, минбаъд солҳои зиёд соҳаи иқтисодии давлатро беҳбуд хоҳад бахшид.
Муаллими калони кафедраи Технологияи иттилоотӣ ва иқтисод – Эшонқулов А.А.