Дар Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид гардид, ки рушди ҷомеа танҳо тавассути таҳкими ҳуқуқ ва омӯзиши аҳолӣ дар заминаи қонун ва ҳуқуқҳои инсон имконпазир аст. Дар ин росто, эълон шудани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби СММ бо пешниҳоди Тоҷикистон имконияти беназир барои тақвияти фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон фароҳам меорад. Ин иқдом бо ҳадафи ташаккули ҷомеаи мутамаддин, эътимод ба қонун ва риояи ҳуқуқҳои инсон роҳандозӣ шудааст.
Маърифати ҳуқуқӣ, яъне фаҳмидани ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои шахс, асоси рушди ҷомеа демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Дар суханрониҳои Пешвои миллат пайваста таъкид мегардад, ки донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо барои рушди ҷомеа ва муҳити амн аҳамият дорад. Дар ҷомеаи дорои маърифати ҳуқуқии баланд, шаҳрвандон метавонанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро дуруст дарк кунанд, баҳсҳои ҳуқуқиро дар сатҳи қонунӣ ҳал намоянд ва ба ҳуқуқвайронкуниҳо камтар роҳ диҳанд.
Бояд гуфт, ки бо назардошти амалисозии муваффақонаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон дар соли 2024, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2027 чун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. 12 декабри соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар доираи Иҷлосияи 80-уми худ лоиҳаи Қатъномаро таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Қатънома нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқиро дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид менамояд. Ин Қатънома ҳамчунин таҷрибаи муваффақи Тоҷикистонро дар эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эътироф намуда, онро ҳамчун намунаи миллӣ тасдиқ менамояд.
Эълон шудани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» имконият медиҳад, ки чорабиниҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ роҳандозӣ шаванд. Дар ин замина, метавон тренингҳо, семинарҳо, курсҳои омӯзишӣ барои шаҳрвандон ва вохӯриҳо бо ниҳодҳои давлатиро ташкил намуд. Ин иқдом, инчунин, ба таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқ ва қонунгузорӣ мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки байни маърифати ҳуқуқӣ ва рушди иқтисодӣ робитаи мустақим вуҷуд дорад, зеро муҳити ҳуқуқии устувор ва фаҳмиши қонуниятҳо барои соҳибкорон эътимод ва амният фароҳам меорад, ки ин ба ҷалби сармоя ва рушди тиҷорат мусоидат мекунад. Ҳамзамон, маълумоти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ боэътимод ва боэҳтиёт тасмим гиранд.
Хулоса, эълон шудани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» бо муҳтавои Паём ҳамоҳангии бевосита дошта, ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ, рушди фарҳанги қонунӣ ва эҷоди ҷомеаи мутамаддин аст. Ин иқдом барои таҳкими ҳуқуқ ва демократия, таъмини эътимод ба қонун ва рушди иқтисод мусоидат мекунад. Имкониятҳои соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ бояд самаранок истифода шаванд, то ҳар шаҳрванд бо ҳуқуқҳои худ ошно ва ба қадри онҳо расида, дар сохтмони ҷомеаи солим ва боэътимод саҳм гузорад.
САЙДАЛИЗОДА Орзу Илҳом,
сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
