Омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии ҷумҳурӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”–ро дар толори калони маҷлис ва намоишҳои донишкада тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатӣ сарҷамъона мустақиман бо мароқ шуниданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид ба сиёсати хориҷӣ ва таъмини рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат сухан ронда, роҳҳои асосии пешрафти минбаъдаи кишварро барои давраи оянда муайян намуданд ва ҷиҳати амалӣ гардондани нақшаҳои тарҳрезишуда вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
«Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад»,- иброз доштанд Сарвари давлат ва итминон намуданд, ки “вакилони Парлумон, аъзои Ҳукумат, хизматчиёни давлатӣ ва умуман мардуми шарифи кишвар тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сафарбар месозанд»,
Дар суратҳо: толори донишкада дар рафти намоиши мустақими ироаи Паём тариқи телевизиони давлатӣ