Музаффар Темурзода, дотсенти кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаеви Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон имрӯз дар расми ҷамъбасти озмуни «Муаллими сол» сазовори ҷойи дуюм гардид.
Озмуни мазкур бо ташабуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг баргузор гардида, беҳтарин омӯзгорони соҳа барои навҷӯӣ ва эҷодкорӣ, такмили донишу ихтисос ва маҳорату малакаи касбӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар ҷараёни таълим сазовори се зинаи ифтихорӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки Музаффар Темурзода ҳамчун омӯзгор, номзади илмҳои педагогика, Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон ва, дорандаи медали «Хидмати шоиста» дар самти таълими насли наврас нақша арзанда дорад. Фаъолияти ӯ аз муаллими мактаби миёнаи №83 ноҳияи Рӯдакӣ оғоз шуда, имрӯз ба сифати омӯзгори кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев фаъолият дорад.
Номбурда муҳаррир ва таҷумони зиёда аз 20 номгӯй китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, муаллифи беш аз 50 мақолаҳои илмию методӣ буда, аз соли 2003 дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилот ва тарбияи томактабӣ, таҳсилоти миёна, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, раҳнамоии касбии хонандагон ва чандин барномаҳои соҳавӣ бевосита ширкат намудааст.
Устод муаллифи дастури таълимии «Корҳои амалӣ аз фанни геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ» дар 2 қисм буда, дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш мутахассисони варзидаи зиёдро омода намудааст.
Аз номи кулли кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада дастоварди навбатиро ба устоди арҷманд муборакбод мегӯем.