Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон
Инсоният имрӯз бо силсиламушкилоти ҷаҳонӣ – амнияти аҳолии кураи Замин, густариши тундравиву ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткориҳои фаромиллӣ, фузунгардии фишори давлатҳои абарқудрат ба мамолики хурду заиф, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва ғизо, ҳифзи тандурустии аҳолӣ аз амрози мусир, танзими мушкилоти демографии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дучор гардидааст, ки ҳаллу рафъи онҳо кори дастаҷамъӣ буда, саҳми ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд. Миёни мушкилоти мазкур коррупсия қарор дорад, ки ҳалли онро аз мадди назар бар канор гузоштан номумкин аст. Чун ин падидаи мушкилзо буда, тавони заминагузории дигар мушкилоти ҷаҳонӣ гардад. Аз ин мушкилот ягон кишвари олам дурӣ ҷустан наметавонад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин зуҳуроти мусбату манфӣ дар канор буда наметавонад ва падидаҳои мазбур бар иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва иҷтимоиёти мамлакатамон асаргузор мебошанд.
Дар шароити муосир – ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо маънавиёти ҷомеа ба фазое табдил ёфтааст, ки хурдтарин таҳаввулот маҳсус мегардад ва он дар муносибат, рафтору кирдори одамон мунъакис мегардад. Ҷаҳонишавӣ аз як ҷиҳат боиси ғанӣ гаштани симои аъанавии ҷомеа гардад, аз тарафи дигар омилҳоеро ба бор меоварад, ки сабаби косташавии он мегарданд, мисли озодгардонии савдо ва ҷараёнҳои молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба пастшавии музди меҳнат ва афзудани бекорӣ якҷоя оварда расонданд. Ҷаҳонишавӣ ба гардиши байналхалқии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон (кӯдакон), рушди саноати шаҳватпарастӣ сабаб гаштаанд. Оқибатҳои мазкури ногувору нангини ҷаҳонишавӣ дар заминаи коррупсия ба амал меоянд. Ба коррупсия сатҳи пасти риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон чи дар мамлакати ҷудогона ва чи дар сатҳи байналхалқӣ мусоидат мекунад.
Коррупсия беш аз ҳама дар мамолики камбаѓал ривоҷ ёфта рӯ ба густариш мениҳад ва мамолики ба ин маризӣ гирифторшуда, қудрат надоранд, ки ҳуқуқҳои иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳрвандони худро таъмин намоянд. Таъсири мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ ба раванди коррупсия дар мамлакатҳои рӯ ба рушд низ метавонад пурзӯр бошад.
Мафҳуми коррупсия иборат аз ду калимаи лотинӣ “correi” – якчанд иштирокчӣ аз як гурӯҳ ва “rumpere” – шикастан, зиён расонидан, аз байн бурдан ва бекор кардан мебошад ва ба маънии бо роҳи мукофотдиҳӣ ба худ моил кардан, яъне харида гирифтани шахсони мансабдор ва ба манфиатҳои шахсӣ истифода бурдани ваколатҳои хизматии шахсони мансабдор маъмул гардидааст.
Мафҳумҳои коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахс барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешаванд, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъриф дода шудааст (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”).
Мафҳуми коррупсияро Конгресси 9-уми Созмони Милали Муттаҳид бо маънои коррупсия – сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ пешниҳод кардаааст.
Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
Коррупсия имрӯз чӣ дар адабиёти илмӣ ва чӣ дар сатҳи муносибатҳои сиёсии давлат дар ҷомеа мавриди баҳсу мунозираи илмиву ҳаётӣ қарор гирифтааст. Мафҳуми коррупсияро дар маънии пора, ришва, порадиҳӣ ва ришвахӯриву ришвадиҳӣ, ришвадиҳӣ дар шакли туҳфа ва ғайра маъмул медонанд ва истифода мебаранд. Воқеан, дар баъзе мавридҳо ибораи фасод, фасодкорӣ ва фасодзадагии одамон дар ҷомеа ва ҳатто худи давлат ва ҷомеа низ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Воқеан, таъсири манфӣ ва зарари коррупсия аз дигар падидаҳои ҷиноятӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм кам нест. Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва яке аз ҷиноятҳои хатарнок ба ҳисоб рафта, пешгирӣ накардани он, ба аҳолӣ ва давлат монеа эҷод намуда, хатари ҷиддиеро ба амнияти кишвар ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон оварда мерасонад.
Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ба ин зуҳурот ба таври муташаккилона муқовимат бурда, ташвиқу тарғибро низ ба муқобили он ба таври густурда ба роҳ монем.
Мусаллам аст, ки мубориза бар зидди коррупсия ва ошкор сохтани камбудиҳо дар ин самт, коҳиш додани равандҳои он кори дастҷамъонаи тамоми соҳаҳои ҷомеа ба шумор меравад. Коррупсия вабои иқтисодиеро мемонад ва рафъу решакан кардани он ба зиндагии масруру босаодатро ба бор меоварад. Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (22.12.2016) зикр намуданд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.
Ҳанӯз, 21.06.1999 фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия” баррасӣ гардид. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон Конуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро қабул карданд.
Соли 2003 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Конвенсияи зидди коррупсия қабул гардида, ҳамзамон бо ташаббуси Маҷмааи кулли созмони зикргардида, 9 — уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон шуд.
Бо мақсади беҳтар шудани низоми мубориза бар зидди қонунвайронкуниҳо бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки то имрӯз кормандони он барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта саъю кӯшиш намуда, ҷиноятҳои марбутаро ошкор ва рафъ менамоянд.
Дар ин росто пайваста қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ ба монанди «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» (26.01.2008, №34), «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» (30.08.2013, №1504) ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (03.08.2021, №222) ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.
Асноди мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб мераванд
Оқибатҳои манфии коррупсия ва сари вақт пеши роҳи ин ҳодисаҳои коррупсиониро нагирифтан, албатта, ба таҳқири аҳолӣ ва монеа эҷод намудан дар фаъолиятҳои онҳо, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, қашшоқ ва паст намудани сатҳи зисту зиндагии қисми бештари аҳолӣ, зарар овардан ба рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзиву хоҷагидорӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон оварда мерасонад.
Воқеан, коррупсия яке аз масъалаҳои муҳими умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад.
Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ қайд намуданд, ки бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додем. Албатта, муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳамин тариқ, баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мавриди мавзӯъ, ҷиддан, роҳандозӣ шаванд, то ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар боби мубориза алайҳи коррупсия боло равад ва дар ин замина метавон ба ин зуҳуроти манфур хотима гузошт.
Пиров Т.М. – устоди ДДСТДТ