Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Эҷодиёти Рассоми халқии Тоҷикистон, профессор Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф” конференсияи илмӣ-назариявӣ барпо гардид.
Ба ҷараёни конференсия, ки бо иштироки худи рассом сурат гирифт, ректори донишкада Ғанизода Ҷ.Ш. оғоз бахшида, сипас дар назди ҳаводорони сершумори ҳунари рассом Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф иборат аз донишҷӯёну омӯзгорон ва меҳмонон, олимон-муҳаққиқони шинохтаи санъати ҷумҳурӣ, докторону номзадҳои илми соҳаҳои гуногуне, ки ба санъатшиносӣ, аз ҷумла санъати рассомӣ қаробати наздик доранд, – Рустам Муқимов, Лариса Додхудоева, Сайёра Муқимова, Ҷамшед Ғанизода, Абдувалӣ Шарифов, Ш.И.Сайфуллоева, Манзура Улҷабоева, Бика Ёғибекова, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, актёр, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов ва чанде дигарон доир ба осори бисёрпаҳлуи эҷодии рассом: тасвири чеҳраи нуронии модар ва куҳанчаноре ҳанӯз сарсабзу қоматбаланд дар гӯшае аз деҳаи зодгоҳ, инъикоси “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, бо мӯқалам зинда гардонидани қахрамонони он Рустаму Гурдофарид, рӯзгори нобасомони овони тифлию наврасӣ ва шахсияти эҷодию инсонии худи рассом дар давраи камолот маърӯзаю баромадҳо карданд.
Дар анҷом Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф ба раёсати донишкадаю ҳамаи онҳое, ки дар ин маъракаороӣ саҳм доштанд ва ин маърака баҳонаи хубе барои боз як вохӯрии ҷолиби пурмазмун бо ҳаводорони санъаташ гардид, самимона изҳори ташаккур намуд.
Н. Худойбахшов,
мутахассиси бахши табъу нашри ДДСТДТ