Wednesday, September 10, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

10.09.2025

544844373_2006747853432368_4967939378921233436_n544844373_2006747853432368_4967939378921233436_n

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик ба ҳайси бузургтарин дастовард дар охири асри ХХ арзёбӣ мешавад, ки заминаи ҳақиқӣ барои эҳёи давлатдории миллӣ, худшиносии миллӣ ва рушду тараққиёти устувор гардид. Нигоҳдорӣ ва таҳкими истиқлол, ки барояш ҳазорон шаҳидон ҷон доданд ва тамоми ҷомеа аз санҷишҳои душвор гузашт, на танҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд, балки масъулияти нерӯҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад. Дар ин миён нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) хоса буда, он ҳамчун нерӯи асосӣ ба арсаи сиёсати миллӣ ворид шуда, дар таҳкими пояҳои истиқлол саҳми босазо гузоштааст.

Солҳои аввали истиқлол барои давлат ва миллат аз озмоишҳои сангин иборат буданд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 пояҳои давлатдориро суст намуда, таҳдиди воқеии аз байн рафтани истиқлол ва худи давлатро ба миён овард. Дар чунин шароит кишвар ба як нерӯи сиёсие ниёз дошт, ки ҷомеаро муттаҳид созад, мардумро ба оромӣ ва сулҳ даъват кунад ва давлатро ба роҳи созандагӣ баргардонад. Маҳз дар ҳамин марҳала ҳизби навпайдо бо номи ҲХДТ ба саҳнаи сиёсӣ қадам гузошт, ки бо раҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо ҷомеаро гирди идеяи сулҳ ва ваҳдати миллӣ муттаҳид кунад. Аз ҳамин замон нақши ҳизб дар таҳкими истиқлол оғоз ёфт.
Барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ бо талошҳои роҳбарияти олии давлат ва дастгирии қувваҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҲХДТ, ба воқеият табдил ёфт. Ҳизб ҳамчун такягоҳи асосии Пешвои миллат, роҳи сулҳофариро тарғиб намуд ва тавассути вохӯриҳо бо мардум, ташкили ҷаласаҳои маҳаллӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аҳамияти оромӣ ва ваҳдатро ба ҷомеа фаҳмонд. Агар сулҳу ваҳдат таҳкими аввалин пояи истиқлол бошад, пас нақши ҲХДТ дар он бунёдӣ ва таърихӣ аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ низ зимни суханрониашон дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ иброз доштанд, ки «Ҳизби мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба масъалаҳои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҷалб кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд. Дар ин раванд, барномаҳои зиёди илман асоснок ва воқеан амалишавандаи ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва мардуми кишвар созгор таҳия, қабул ва муваффақона татбиқ гардид, ки натиҷаҳои то имрӯз бадастомада дар самтҳои суботи сиёсӣ дар кишвар ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар гувоҳи ҳақиқати ҳол мебошанд».
Дар марҳалаи баъдӣ, вақте кишвар аз ҷанги шаҳрвандӣ баромада, ба роҳи созандагӣ қадам гузошт, барномаҳои ҲХДТ бештар ба ҳадафҳои стратегии миллӣ равона гардиданд. Ҳизб ба сифати ҳизби ҳоким на танҳо дар сиёсати давлатӣ, балки дар ташаккули афкори умум, роҳнамоии ҷомеа ва муттаҳид сохтани шаҳрвандон нақши калидӣ бозид. Барномаҳои сиёсии ҳизб, ки аз Конститутсияи кишвар ва барномаҳои Ҳукумат сарчашма мегиранд, пурра бо манфиатҳои давлатдорӣ ва таҳкими истиқлол ҳамоҳанг мебошанд. Масалан, ҳадафи асосии рушди иқтисодӣ, ки худкифоӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва нақлиётро дар бар мегирад, аз ҷониби ҲХДТ пайваста пуштибонӣ шудааст. Ҳизб тавассути сохторҳои худ ин сиёсатро ба мардум шарҳ дода, барои ҷалби ҷомеа ба татбиқи он мусоидат мекунад.

Дар заминаи иқтисодӣ саҳми ҲХДТ бештар дар ташаккули афкори ҷомеа ва дастгирии ислоҳоти давлатӣ дида мешавад. Ҳизб борҳо таъкид намудааст, ки бидуни рушди иқтисод истиқлоли ҳақиқӣ ноустувор мемонад. Маҳз дар доираи барномаҳои ҳизб масъалаи тақвияти истеҳсолоти миллӣ, истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ ба миён гузошта шуд, ки имрӯз дар сиёсати давлатии кишвар ҳамчун афзалиятҳои миллӣ мавқеъ доранд.

Ҳизб дар арсаи маънавию сиёсӣ низ нақши бузург бозидааст. Бо ташкили ҳамоишҳо, вохӯриҳо ва чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ҳизб тавонист ғояи истиқлолро дар шуури мардум таҳким бахшад. Истиқлол пеш аз ҳама як арзиши маънавӣ аст: агар миллат худро соҳибистиқлол эҳсос накунад ва арзиши истиқлолро нафаҳмад, ҳеҷ гуна нерӯҳои иқтисодӣ ё сиёсӣ онро устувор карда наметавонанд. Аз ҳамин рӯ, тарғиби ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз давлатдорӣ яке аз вазифаҳои доимии ҲХДТ мебошад. Барои мисол, ҳар сол дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бахшида ба Рӯзи истиқлол, Рӯзи ваҳдат ва дигар ҷашнҳои миллӣ конфронсҳо, мизҳои гирд ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки ташаббускори онҳо бештар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ мебошанд.
Нақши дигари муҳими ҳизб дар таҳкими истиқлол кадрсозист. ҲХДТ ба ҳайси мактаби воқеии сиёсии кадрҳо садҳо нафар роҳбарон ва мутахассисони ҷавонро ба арсаи давлатӣ ворид кардааст. Сохторҳои ҳизбӣ аз сатҳи марказӣ то маҳаллӣ ҳамчун мактаби таҷрибаомӯзӣ барои ҷавонон хизмат мекунанд. Ин раванд имконият медиҳад, ки идомаи давлатдорӣ таъмин гардад ва барои оянда кадрҳои сазовор омода бошанд. Бидуни кадрҳои донишманд ва ватандӯст истиқлол устувор намемонад, аз ин рӯ саҳми ҲХДТ дар ин самт низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар самти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ фаъолияти ҳизб назаррас аст. Ташкилотҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллӣ бо мардум пайваста дар тамос буда, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, дастгирии оилаҳои камбизоат, кӯмаки хайриявӣ ва ташкили корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд. Масалан, дар солҳои охир бо ташаббуси ташкилотҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо садҳо чорабиниҳои ободонӣ, аз қабили бунёди иншооти варзишӣ, таъмири мактабҳо ва боғчаҳо, тоза кардани кӯчаҳо ва каналҳо баргузор гардиданд. Ҳамаи ин амалҳо на танҳо барои беҳбудии иҷтимоӣ хизмат мекунанд, балки ҳисси соҳибватанӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар ҷомеа тақвият мебахшанд.
Дар арсаи сиёсати хориҷӣ низ мавқеи ҲХДТ равшан аст. Ҳизб ҳамеша сиёсати хориҷии Тоҷикистонро, ки ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоишта равона шудааст, пуштибонӣ мекунад. Ин сиёсат ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва дипломатии кишвар мусоидат мекунад, зеро Тоҷикистон тавонист бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона барқарор кунад ва мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ устувор созад. ҲХДТ тавассути робитаҳои ҳизбӣ бо созмонҳо ва ҳизбҳои хориҷӣ низ ба густариши муносибатҳои байналмилалӣ кумак мерасонад.

Мавқеи махсуси ҳизб дар он ифода меёбад, ки он тавонист ғояи истиқлолро ба як арзиши умумимиллӣ табдил диҳад. Имрӯз дар ҳар деҳаву маҳалла ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад, ки онҳо ғояи истиқлол, ваҳдат ва ватандориро ба мардум мерасонанд. Ҳизб тавонист истиқлолро аз як воқеаи сиёсӣ ба як қисми шуури ҷамъиятӣ ва зиндагии ҳаррӯзаи мардум табдил диҳад.

Бо гузашти 34 сол аз истиқлол, равшан аст, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешсаф дар таҳкими пояҳои он саҳми бузург гузоштааст. Агар дар солҳои аввал вазифаи асосии он муттаҳид сохтани ҷомеа ва барқарории сулҳ буд, имрӯз вазифаи асосӣ нигоҳдорӣ ва тақвияти истиқлол дар шароити ҷаҳони пур аз хатарҳост. Ҳизб тавассути барномаҳои худ ҷомеаро ба ваҳдат, ободонӣ ва рушд раҳнамоӣ мекунад ва ҳамин тавр ба таҳкими истиқлоли давлатӣ мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, ҳизбиёни мамлакат бояд ҳамеша арзишҳои Истиқлол ва соҳибихтиёрии кишварро ҳамчун рукни асосии фаъолияти худ қабул кунанд ва дар ҳама сатҳҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳифз намоянд. Пешбурди сиёсати давлатӣ ва дастгирии Раиси муаззами ҳизб вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як узви ҳизб мебошад, зеро ин раванд заминаи устувории ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдориро таъмин менамояд. Ҳизбиён бояд ҷомеаро ба ваҳдати миллӣ ва ҳамкории пойдор роҳнамоӣ кунанд ва барои муттаҳид сохтани шаҳрвандон аз ҳама қувва ва имконият истифода намоянд. Тарғиби арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ бояд дар мадди назари фаъолияти ҳар як узви ҳизб қарор дошта бошад.
Дар самти кадрсозӣ ва омодагии мутахассисон ва роҳбарони ҷавон аъзои ҳизб бояд нақши фаъол дошта бошанд. Омодасозии кадрҳои сазовор барои идомаи давлатдорӣ, ҳифзи истиқлол ва таъмин намудани рушди устувор вазифаи муҳим ва стратегӣ мебошад. Ҳар як узви ҳизб бояд барои гузоштани таҷриба ва донишҳои сиёсӣ ва ташкилӣ барои насли оянда саҳмгузорӣ намояд. Онҳо бояд дар арсаи иҷтимоӣ ва маънавӣ фаъол бошанд, барои беҳбудии зиндагии мардум, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва ташаккули ҷомеаи солим чораҷӯӣ намоянд. Иштирок дар корҳои ободонӣ, тарғиби худшиносии миллӣ ва пешбурди ҳамкории шаҳрвандон бо мақсади таҳкими давлат ва ваҳдат вазифаи доимии узви ҳизб мебошад.
Ғайр аз ин, ҳизбиён бояд сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дастгирӣ ва сиёсати муносибатҳои мутақобиларо бо дигар давлатҳо ҳамоҳанг созанд. Ин амалҳо боиси тақвияти мавқеи байналмилалии кишвар, ҳифзи истиқлол ва тақвияти обрӯи давлатӣ мегарданд. Ҳамаи чораҳо ва фаъолияти аъзои ҳизб бояд барои таҳкими истиқлол, устувории давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа равона карда шавад. Нигоҳдорӣ ва пешбурди арзишҳои миллии соҳибихтиёрӣ вазифаи муҳим ва доимии ҳар як аъзои ҳизб мебошад, ки ба рушди ҷомеа ва тақвияти пояҳои давлатдорӣ мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки нақши ҲХДТ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ на танҳо сиёсӣ, балки иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ аст. Ин ҳизб дар тамоми марҳилаҳои рушди истиқлол, аз барқарории сулҳ то ба марҳилаи имрӯзаи созандагӣ, бо мардум ҳамнафас буда, ба он муваффақ шудааст, ки истиқлолро ҳамчун дастоварди муқаддас на танҳо ҳифз кунад, балки рӯз ба рӯз таҳким бахшад. Нақши таърихии ҲХДТ маҳз дар ҳамин аст, ки он истиқлолро аз марҳилаи заъф ва таҳдид ба раванди устуворӣ ва эътимод ворид намуд ва барои наслҳои оянда ҳамчун мактаби давлатдорӣ боқӣ хоҳад монд.
ҲАИТОВ Фирӯз Мирзомуродович,
мудири бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкадаи давлатии
санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон,
вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур
Ба қафо

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР БИНОИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШКАДА

Ба пеш

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ «ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН» ҶУРАХОНЗОДА СИРОҶИДДИН ШАМСУЛЛО БА МУНОСИБАТИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба пеш
Раёсат

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ «ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН» ҶУРАХОНЗОДА СИРОҶИДДИН ШАМСУЛЛО БА МУНОСИБАТИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ «ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН» ҶУРАХОНЗОДА СИРОҶИДДИН ШАМСУЛЛО БА МУНОСИБАТИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 08.09.2025
  • НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 08.09.2025
  • ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР БИНОИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШКАДА 08.09.2025
  • БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛИЯТ – РОҲ БА СӮИ ЗИНДАГИИ ПУРСАОДАТ» ДАР КИТОБХОНАИ ДОНИШКАДА 06.09.2025
  • ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР БИНОИ ТАЪЛИМӢ ВА ХОБГОҲИ ДОНИШКАДА 06.09.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон