Тибқи мактуби вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20.09.2022 дар қироатхонаи китобхонаи ДДСТДТ ба муносибати бузургдошти китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чорабинӣ доир гашт. Мудири китобхона Ёғибекова Б., чорабиниро ифтитоҳ намуда, оиди таҷлили ин китоби муқаддас, ки барои ҳар як фарди ватандӯст ҳамчун манбаи худогоҳиву худшиносӣ хизмат карда, дар асоси омӯзиши роҳи пуршарафи тайнамудаи гузаштагон масири пешрафтаи ӯро муайян менамояд, сухан кард.
Мудири кафедраи санъатшиносӣ Сайфуллоева Ш., дар бораи таҷлили ин санаи таърихӣ маълумоти мухтасар дод.
Омӯзгори кафедраи санъатшиносӣ номзади илмҳои таърих Шарифзода А, аз таърихи пайдоиши сикка, ки дар китоби “Тоҷикон” омадааст диққати ҳозиринро ба нақши Сикка дар Осиёи Марказиро ҷалб намуд.