Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 22 май тибқи нақшаи дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Душанбе ва бахши ҷавонони Донишкада ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон — 23 май бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон намоиши сиёсии тантанавӣ ва фарҳангӣ барпо гардид.
Намоишро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушода, аз саҳми муҳими ҷавонон дар рушди санъати тасвирии ҷумҳурӣ ёдовар шуд ва аҳли толорро аз номи раёсати Донишкада бо санаи муҳими таърихӣ- Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гуфт. Сипас дар назди ҳозирин намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализод Самиаллоҳ баромад карда, зикр намуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи сиёсати ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Тоҷикистон миёни мамлакатҳои муштаракулманофеъ аввалин шуда дар бораи сиёсати ҷавонон қонун қабул намуд. Дар 31 соли истиқлолият дар ҷумҳурӣ барои ҷавонон як қатор имтиёзҳо муқаррар карда шуданд. Зиёда аз 40 ҳазор ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Сафи гирандагони идрорпулии президентӣ сол то сол афзоиш меёбад. Албатта, ҳамаи проблемаи ҷавононро дар як муддати кутоҳ ҳал кардан мушкил аст. Бо вуҷуди ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои ҳалли проблема ва беҳтар кардани шароити кору таҳсили ҷавонон кӯшиши зиёде ба хорҷ медиҳад. Ҷавонон бояд дар раванди глобализатсия (ҷаҳонишавии муносибат ва урфу одатҳо) зиракии сиёсиро аз даст надода, ба дасисабозии душманони миллат дода нашаванд.
Дар охир ба чанде аз кормандон ва донишҷӯёни фаоли Донишкада Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Душанбе ва ба як гурӯҳ донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат” Ифтихорномаҳо ва мукофоти пулии раёсат ва иттифоқи касабаи Донишкада супурда шуданд.
Намоишро гурҳи муштараки ҳунарии Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Донишкада бо рақсу таронаҳои дилнишин зинату тароват бахшиданд.