Дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои тозаэҷоди рассоми варзидаи ҷумҳурӣ Нуралӣ Салихов таҳти унвони “Сафҳаҳои рӯйи одамизод” ифтитоҳ гардид.
Дар намоиши мазкур ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, консули фахрии Шоҳигарии Белгия дар Душанбе Азим Ҳакимов, мушовири тиҷоратӣ-иқтисодии Шоҳигарии Белгия дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон хонум Айжан Мусаканова, меҳмонони хориҷӣ ва теъдоди зиёди тамошобинону дӯстдорони санъати рассомӣ ширкат варзиданд.
Ректори муассиса Сироҷиддин Ҷурахонзода намоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки санъати рассомӣ таърихи тӯлонӣ дошта, дар инкишофи он ва тарбияи мусаввирон саҳми рассомони тоҷик назаррас мебошад, ки яке аз онҳо рассоми шинохта Нуралӣ Салихов аст. Рассом манзараҳои диёр, расму анъана, урфу одати миллӣ ва нақшу нигорро хеле хуб тасвир менамояд, ки шаҳодати ин гуфта асарҳои ба маъразаи тамошо пешниҳодгардида мебошад.
Дар идома раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова суханронӣ карда, зикр намуд, ки имрӯз шумораи рассомони касбӣ нисбат ба замонҳои пеш хеле бештар гардид. Мусаввирони Тоҷикистон дар ҳама жанрҳои санъати тасвирӣ асарҳо офарида истодаанд, ки санъати тасвири касбии кишварро муаррифӣ менмоянд. Намунаҳои санъати тасвирӣ – манзаракашӣ, чеҳранигорӣ, этюд, қаламкашӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад, ки намунаҳояшро дар эҷодиёти Нуралӣ Салихов метавон дарёфт.
Дигар меҳмонон низ таассуроташонро аз асарҳои рассом бан намуда, ба ӯ дар роҳи ояндаи эҷод боз ҳам муваффақиятҳои бештар таманно намуданд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур аз 14-уми май то 5-уми июни соли равон дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон давом меёбад.