Санаи 17 – уми майи соли 2023 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, бахшида ба 10 – солагии таъсисёбии Донишкада намоиши асарҳои эҷодии омӯзгори ҷавони кафедраи трҳрезии бадеии либос таҳти унвони “Нигоҳи ман”баргузор гардид. Дар намоиш асарҳои рассомӣ, ки дар давоми 10 соли фаъолияти эҷодии рассом Абдуазизов Давлат тасвир шуда буданд, ба намоиш гузошта шуд.
Дар намоиш ректори Донишкада, меҳмонон аз Федератсияи Россия, омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи тарҳрезии бадеии либос, Арбобони санъат ва дигар намояндагони самти санъати тасвирӣ ва дизайни ҷумҳурӣ иштирок намуданд.