Дар толори калони намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар Рӯзи байналмилалии рассомон-8 декабр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомони шаҳри Хуҷанд кушода шуд.
Намоишро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ифтитоҳ намуда, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, нигористони “Сомониён” ва ҳам филиалҳои Иттифоқи рассомону дизайнерон дар ин шаҳр ёдовар шуд.
Сипас, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шарифзода Манучеҳр, мутахассиси Шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ҷӯразода Набӣ Абдулло, муовини Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Манзура Улҷабоева, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов Сироҷиддин Ҷӯрахонзода, декани факултети “Дизайн”-и донишкада, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мизробшо Холов баромад намуда, тамошобинони сершуморро бо кушодашавии намоиши асарҳои рассомие, ки дастовардҳои назарраси ҷумҳуриро дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ инъикос менамояд ва Рӯзи байналмилалии рассомон, ки ҳарду ба як рӯз рост омадаанд, табрик гуфтанд.
Дар намоиш 44 адад намунаи эҷоди 11 рассоми нигористони “Сомониён”-и шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев, Далер Усмонов, Абдуқаюм Хокироев, Абдураҳим Исроилов, Абдулазиз Абдураҳмонов, Саид Ашрафов ба намоиш гузошта шудаанд.
Намоиш тайи як моҳ идома хоҳад ёфт.