Дар толори маҷлисҳо ва намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз корхонову муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ намоиши асарҳои устоди соҳаи кандакорӣ, асисенти кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалии донишкада Саид Маҳмудов ва корҳои дипломии шогирдони ӯ бо номи “Устод ва шогирд” барпо гардид.
Намоишро бо сухани муқаддимавӣ доир ба фаъолияти густурдаи педагогӣ ва эҷодии Саид Маҳмудов ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушода, аз роҳи тайкардаи соҳибнамоиш – аз давраи таҳсил ва кор дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов таҳти сарпарастии устоди машҳури соҳаи кандакории ҷумҳурӣ Нуриддинов то ба рӯзҳои мо – давраи камолоти эҷодии ӯ ёдовар шуд.
Сипас, хамсафону ҳампешагони Саид Маҳмудов, ки аз рӯзҳои аввалини таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳашт сол ин ҷониб паҳлу ба паҳлу кор мекунанд,- Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Исуф Сангов, мудири кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалии донишкада Муноҷот Бойматова ва ассистенти кафедраи мазкур Маҳмадкарим Рақибов, донишҷӯи курси сеюми факултети санъати тасвирӣ Назира Саидова доир ба сифатҳои ҳамидаи омӯзгорию инсонӣ ва ҳунару истеъдоди баланди кандакорию рассомии мавсуф бо суханони гарму самимӣ баромад карданд.
Дар охир Саид Маҳмудов ба раёсати донишкада ва ҳамаи онҳое, ки дар ташкили ин намоиш даст доштанд, ташаккур изҳор намуда, аҳли толорро ба тамошои намоиш даъват кард.