Дар замони бархӯрди манфиатҳо ва ҷаҳонишавии арзишҳои умумибашарӣ баъзе аз падидаҳои манфуре ҳастанд, ки омили қафомонии шаклгирии давлату ҷомеа мешаванд, ба монанди амалҳои ифротӣ, ришвагирӣ, гардиши маводи мухаддир ва чанди дигар. Дар миёни инҳо коррупсия ҳамчун падидаи ношоиста ва хатарнок барои рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, некуаҳволии мардум ва суботу оромӣ монеаи ҷиддӣ эҷод карда, нобовариро миёни ҷомеа меафзояд.
Коррупсия дар ҳама давру замон масъалаи муҳиму ҳалталаб маҳсуб ёфта, муборизаи дастаҷамъона бо он рисолати шаҳрвандии дилхоҳ фард аст. Дар шароити имрӯз ин падидаи манфӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, бахусус мафкураи тамоми насли башарият таъсири худро расонида истодааст. Ин аст, ки дар чунин шароит пайдо кардани кишварҳои озод аз амалҳои коррупсионӣ қариб ғайриимкон гашта, ин падидаи номатлуб хусусияти умумибашариро касб кардааст.
Ҳамзамон, коррупсия яке аз намудҳои нави таҳдиди ҷаҳонӣ ба амнияти сиёсии кишварҳо буда, ба унвони “вабои аср” низ шинохта шудааст. Ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.
Бояд таъкид кард, ки бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мамлакати мо муҳиму саривақтӣ ва мубрам будани мубориза бо коррупсияро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилии худ дониста, баҳри пешгирӣ ва аз байн бурдани он як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.
Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, №143 мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, таваҷҷуҳи амиқ барои решакан намуди ин омили зиёновар равона гардид.
Дар идомаи ин тадбирандешиҳо кишвари мо баҳри комилан аз байн бурдани ин раванди мураккаб ва амалҳои ношоистаи коррупсионӣ аз 20-уми марти соли 2008, №374 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 7-уми августи соли 2020, №1714 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия»-ро қабул намуд, ки бо ин роҳ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ барои коҳиш додани кирдорҳои коррупсионӣ мустаҳкам карда шуданд.
Дар ин замина, қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26 январи соли 2008, №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-уми августи соли 2013, №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-юми августи соли 2021, №222 барои муборизаи оштинопазир бо ин хатар ва коҳиш додани сатҳи амалҳои номатлуби коррупсионӣ дар кишвар имконияти мусоид фароҳам овард.
Иҷрои талаботи санадҳои мазкур шаҳодати он аст, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои дахлдори соҳа набуда, балки ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки барои мубориза бар зидди ин падидаи ношоиста ҳиссагузор бошад, зеро решакан кардани амалҳои коррупсионӣ омили таъмини зиндагии шоиставу босаодати ҳар фарди кишвар аст..
ДАВЛАТЗОДА Гулнора Шариф,
муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалии
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон