08.12.2018 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҷлиси истеҳсолӣ баргузор гардид. Дар он тамоми ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишкада иштирок намуданд. Инчунин дар он сухани ифтитоиро Ректори донишкада Ҷ.Ғанизода ҳусни оғоз бахшид. Бояд тазакур дод, ки Раиси Иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯёни донишкада Усмонов С., Раиси занони донишкада Исупова Р. ва Мудири бахши ҷавонони донишкада Саидов Н. бо ҳисоботи ҷамбастии соли таҳсили 2017-2018 баромад намуданд.