
Ба таваҷҷуҳи устодону донишҷӯён ва ҳаводорони санъати тасвирӣ расонида мешавад, ки 17-уми апрели соли 2025, соати 16:00, дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ифтитоҳи намоиши асарҳои эҷодии рассоми ҷавон Муҳаммад Ҳикматзода таҳти унвони «Накҳати баҳор» баргузор мегардад.
Муҳаммадҷон Ҳикматзода 2-юми феврали соли 2000-ум таваллуд шуда, соли 2020 Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимовро бо ихтисоси наққош хатм кардааст. Айни замон дар зинаи магистратураи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳсил дорад.
Ӯ соли 2019 барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳо дар соҳаи санъати тасвирӣ шуда, ғолиби Шохҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияи «Санъати тасвирӣ» аст.
Муҳаммадҷон Ҳикматзода, инчунин, иштирокчии дарсҳои маҳорат оид ба санъати “Эбру” аст аз ҷониби Идораи рушд ва ҳамкории Туркия бо Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, намоиши асарҳои эҷодӣ таҳти унвони «Пайванди наслҳо» ва озмуни телевизионии “Армуғон” аз ҷониби телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад. Ба ғайр аз ин, ӯ барандаи медали нуқраи 16-умин Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ аст.
Намоиши мазкур аз 17 апрел то 10 майи соли равон дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 31 (рӯбарӯи Маркази савдои “Садбарг”) идома мекунад.