Wednesday, December 17, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

МАВҚЕИ ЗАНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

16.12.2025

Ҳамасола бо оғози соли нави тақвимӣ ҳамчун пайки шодию нишот ва иқдоми нек Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои соли оянда ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, амният, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, дар умум, оид ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва гузоштани вазифаҳои мушаххас ироа мегардад.

Дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон паём санади муҳимми расмӣ буда, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва роҳнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, тамоми мардуми Тоҷикистон ба ин дастури сарнавиштсоз такя намуда, нуктаҳои онро сармашқи фаъолияти хеш қарор медиҳанд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли суханрониҳои солҳои қаблӣ бар пояи таърихи миллат, давлатдории миллӣ, худшиносию ватандӯстӣ, бунёдкориву созандагӣ ва ояндабинӣ асос ёфта, бо тарзи баёни содаву мавзун ва корбурди ифодаҳои фасеҳ сарчашмаи бузурги омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат мебошад.

Ҳамзамон, дар баробари дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа, масъалаи баланд бардоштани мақом ва манзилати занон, фароҳам овардани шароити муносиби фаъолият ва баробарҳуқуқии онҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар меҳвари Паёми Пешвои миллат қарор гирифтааст.

Тавре ки Сарвари давлат зимни ироаи паёмашон иброз доштанд, Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.

“Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”, – таъкид доштанд Пешвои муаззами миллат.

Мавҷудияти заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ дар самти дастгирии ташаббусҳои занон ва мустаҳкам намудани мавқеи он дар ҷомеа аз иродаи устувори сиёсии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занон гувоҳӣ медиҳад. Сарвари давлат ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони оқилу фарзонаи миллати тоҷик ҳамеша такя менамоянд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ, чун таҳкиму устувор гардонидани мавқеи онҳо дар хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони солим ва худшиносу ватандӯст, инчунин, бо заҳмату талошҳои худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ масъалаи баробарҳуқуқии марду занро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи 34 соли мустақилият давра ба давра тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби занон дар тамоми соҳаҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” (аз 3 декабри соли 1999, №5), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (аз 1 марти соли 2005, №89), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” (аз 19 марти соли 2013, №954), Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 декабри соли 2015, №801), Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 апрели соли 2021, №167), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030 (аз 27 апрели соли 2022, №204) ва ғайра. Маҳз натиҷаи ғамхорӣ ва дастгириҳои мазкур аст, ки имрӯз дар мамлакат саҳм ва фаъолияти занону бонувон дар рушди давлат самаранок арзёбӣ мегарданд.

Хурсандиовар аст, ки дар ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи таҳсилоти касбӣ ва маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, зеро зани маърифатнок метавонад бо заковату хиради воло ҷомеаро тарбият намояд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи соҳибкасб ва дорои маълумоти олӣ гардидани духтарони деҳоти дурдасти кишвар диққати ҷиддӣ дода, барои дар ин самт муваффақ гардидани онҳо ҳамасола теъдоди квотаҳои президентӣ зиёд шуда истодааст.

Дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат дастур дода шуд, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ин сиёсат дар оянда низ идома дода мешавад.

“Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”, – изҳори умедворӣ карданд Сарвари давлат.

Ба мо маълум аст, ки дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила маҳсуб ёфта, дар он боз ҳам мавқеи зан намудор мегардад. Мақоми зан дар оила ва ҷомеа хеле бузург буда, аз қадимулайём зан рӯзгорсозу бунёдгари оила мебошад.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи паём ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намуданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.

“Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”, – таъкид намуданд Сарвари давлат.

Бояд зикр намуд, ки суханони пандомӯз ва таъкидҳои Пешвои миллат аз ҳар яки мо ҳисси баланди қадрдонӣ ва пайваста меҳрубонӣ зоҳир намудан ба модарону хоҳарон ва духтарони худро таъкид менамояд. Мо – занону духтарони кишвар аз Паёми Пешвои миллат бори дигар илҳом гирифта, ҷавобан ба ин дастгириҳо ваъда медиҳем, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, баҳри ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда и хешро мегузорем.

 

САФАРОВА Зарнигор Аламовна,

муовини декан оид ба тарбия ва корҳои эҷодии факултети санъати тасвирӣ

Ба қафо

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМ ДАР ДОНИШКАДА

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • МАВҚЕИ ЗАНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 16.12.2025
  • ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМ ДАР ДОНИШКАДА 16.12.2025
  • ВОХӮРИИ РЕКТОР БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ «РОССОТРУДНИЧЕСТВО» ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 10.12.2025
  • ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ЛОИҲАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ДОНИШГОҲИ ЗИМИСТОНА-2025» 10.12.2025
  • “ҲАЁТ БИДУНИ ЗӮРОВАРӢ” 06.12.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон