Санаи 8-уми майи соли 2024 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Конференсияи илмӣ -эҷодӣ бахшида ба 35-солагии фаъолияти н.и.т дотсент Одиназода Б.Э зери унвони “Таззоди рангҳо” баргузор гардид. Дар кори Конференсия кормандон, омузгорон, донишҷуён ва меҳмонон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов иштирок доштанд. Ректори Донишкада номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Ҳамкасбон ва шогирдон бо маърӯзаҳои худ баромад намуда аз кору, фаъолият ва эҷодиёти ин рассоми барҷаста суханрони намуданд. Дар фарҷом намояндаи Вазорати фарҳанг сардори Раёсати илм ва муассисаҳои таълимӣ Ҳаётзода Алиакбар, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ҳамидова Наргис Абдуқудусовна, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло ва дигарон бо суханони табрикотӣ баромад намуданд.