Дар кафедраи санъатшиносии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 конференсияи илмию амалии омӯзгорон ва донишҷӯён таҳти унвони “Санъати амалии халқи тоҷик: таърих ва анъанаҳо” баргузор гардид.
Иштирокчиёни конференсия 13 маърӯзаи омӯзгорону донишҷӯёнро шунида, дар атрофи ҳар як маърӯза саволу ҷавоб ва музокираҳои пурмӯҳтаво доир намуданд. Маърӯзаҳо бо тозагии мавзӯъ ва таҳқиқ аз ҳамдигар тафовут дошта, ҷолиби диққат буданд. Иштирокчиён бахусус маърӯзаҳои омӯзгорони кафедраи санъатшиносӣ Б. Одиназода “Таърих ва инкишофи санъати гаҷкорӣ дар меъмории давраи Темуриёни асрҳои XIVXVI”, М. Қобилова “Баъзе падидаҳои дуршавӣ аз анъанавият дар либоси таърихии тоҷикон”, Б. Ёғибекова. “Таърихи пайдоиши сандуқсозӣ дар Тоҷикистон”, М. Иброҳимов “Қадимтарин ёдгориҳои коркарди бадеии чӯб дар Тоҷикистон”, Ш Сайфуллоева “Санъати анъанавии гаҳворасозӣ: таърих ва ҳолати имрӯза” ва донишҷӯёни ихтисоси санъатшиносӣ Н. Саидова “Вазъи санъати заргарӣ дар Тоҷикистони муосир”, Д. Абдураҳмонзода “Санъати гулдӯзӣ ва ҳолати имрӯзаи он”, Ш. Қодирова “Санъати кӯлолгарӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол”, М. Маҷидова. “Санъати тайёр намудани асбобҳои мусиқӣ – ро бо мароқи том шуниданд.
-Дар сатҳи донишкада моҳе нест, ки бахшида ба ин ё он мавзӯи муҳими замони муосир намоишу конференсия ва дигар чорабиниҳо гузаронида нашаванд. Конференсияи имрӯза нахустин таҷрибаи ташкил кардани чунин маърака дар сатҳи кафедравист, ки тасмим гирифтаем минбаъд тибқи нақша зуд-зуд барпо намоем. Баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои ба таҳқиқоти илмӣ ҷалб намудани донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон ва тақвият бахшидани малакаҳои касбии онҳо хеле муҳиманд,- мегӯяд яке аз ташкилотчиёни бевоситаи конференсия, мудири кафедраи санъатшиносии донишкада Ш. Сайфуллоева.