Рӯзҳои 13-14 феврал ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло ва Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мизробшо Холов дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳамоиши илмию амалӣ таҳти унвони «То тавонӣ дӯстонро гум макун» иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илм, масъулони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, маориф, фарҳанг, зиёиён ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Иштирокдорон ва намояндагони Тоҷикистон зимни суханронӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот ва рушди минтақа, хусусан бо давлатҳои ҳамҷавор ба таври мушаххас иброз намуданд.
Дар доираи ҳамоиш ҳайати Тоҷикистон барои боз ҳам ғанӣ гардонидани фонд ва ороиши экспозитсияи толорҳои хона-музейи устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд ба он китобҳо, аксҳо, маводи осорхонавӣ вобаста ба ҳаёт ва эҷодиёти устод тақдим намуданд.
Ҳамзамон, 13 феврал дар ҳошияи баргузории конференсия ҳайати илму адаб ва санъату фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд аз намоишгоҳи аксҳои Шуҳрат Ёров дар Кохи санъати “Нурафшон” боздид намуданд. Дар рафти боздид меҳмононро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва олимону адибони Ҷумҳурии Узбекистон ҳамроҳӣ намуданд.