Дар вилояти Самараи Федератсияи Русия даври омӯзишии “Донишгоҳи зимистонаи илмҳои муҳандисӣ – 2025” ҷамъбаст гардид.
Ин лоиҳаи омӯзишӣ аз 24 ноябр то 7 декабр дар се донишгоҳи бузурги ин кишвар – Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург ба номи Пётри Бузург, Донишгоҳи давлатии Новгород ба номи Ярослав Мудрий ва Донишгоҳи Самара ба номи академик С. Королёв баргузор гардида, дар он зиёда аз 600 донишҷӯ аз кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Сербия, Ӯзбекистон, Африқои Ҷанубӣ, инчунин минтақаҳои Русия иштирок намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мактаби омӯзишӣ аз 26 нафар иборат буд. Файзуллоев Шаҳобидин Рахматович, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси “Дизайн-график”-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни ин лоиҳа буд.
Дар раванди омӯзишҳо донишҷӯён дар дарсҳои лексионӣ, машғулиятҳои лабораторӣ ва кор бо лоиҳаҳои гуруҳӣ иштирок намуданд. Хусусияти асосии лоиҳаи “Донишгоҳи зимистона – 2025” кори дастаӣ барои омода кардани лоиҳаҳо буд, ки сипас онҳоро ба доварони экспертӣ пешниҳод карданд. Донишҷӯён ба 22 дастаи байналмилалӣ ҷудо шуданд ва ба иҷрои вазифаҳо машғул гардиданд. Баъд аз арзёбии дақиқи лоиҳаҳо ва муаррифии онҳо се дастаи ғолиб муайян гардид, ки тими донишҷӯи Донишкада сазовори ҷойи 2-юм гардид.
“Дар Самара ман бисёр чизҳои нав омӯхтам. Ба мо нақл карданд, ки муҳаррикҳои ҳавопаймо ва ракета чӣ гуна сохта мешаванд. Ин лоиҳа барои ман таҷрибаи олӣ аст ва иштирок дар чунин давраҳои омӯзиширо ба дигарон низ тавсия медиҳам”, – мегӯяд Шаҳобиддин.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 Донишгоҳи Самара ба номи академик С. Королёв ба феҳристи ғолибони лоиҳаи Вазорати маориф ва илми Русия оид ба ташкил ва гузаронидани “Донишгоҳи зимистонаи илмҳои муҳандисӣ” шомил шуд. Ин платформаи байналмилалӣ аз соли 2023 то кунун 960 муҳандиси ҷавонро аз 13 кишвар муттаҳид кардааст. Дар давраи тобистонаи он аз Донишкада 5 нафар фаъолона иштирок намуда, аз ин шумора 1 нафар ба даври зимистонаи он даъват гардид.

