Wednesday, May 14, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Хабарҳо

ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА

27.03.2025
484820108_1869894357117719_2210695727727747910_n484820108_1869894357117719_2210695727727747910_n
485695440_1869899300450558_6368196979105777511_n485695440_1869899300450558_6368196979105777511_n
484346841_1869894610451027_9033850447652908873_n484346841_1869894610451027_9033850447652908873_n
485001844_1869898477117307_1836627768029686970_n485001844_1869898477117307_1836627768029686970_n
484487920_1869895257117629_2541330086095221210_n484487920_1869895257117629_2541330086095221210_n
484997547_1869900643783757_4253142330198463674_n484997547_1869900643783757_4253142330198463674_n
485356564_1869895430450945_3198876489560849776_n485356564_1869895430450945_3198876489560849776_n
485057970_1869894367117718_5491940278772016978_n485057970_1869894367117718_5491940278772016978_n
484498614_1869895833784238_3273281647465185569_n484498614_1869895833784238_3273281647465185569_n

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Қабл аз оғози тантанаҳои идона намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” ифтитоҳ гардид.
Дар расми кушодшавии намоишгоҳ Сафарзода Давлат Шариф, муовини вазири фарҳанг, Наргис Ҳамидова, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори Донишкада, муовинони ректор, намояндагони сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, рассомони шинохтаи кишвар, кормандону омӯзгорон, донишҷӯён ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Корея, Россия, Эрон ва чанди дигар иштирок намуданд.
Намоишро Сироҷиддин Ҷурахонзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯзи фархундапай барои боз ҳам амиқу дақиқ, возеҳу равшан тасвир ва ба таври васею доманадор бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардидани он шароити мусоид муҳайё кард.

“Маҳз ташаббусу талошҳои саривақтии Пешвои миллат буд, ки Наврӯз ба ҳайси мероси ғайримоддии умумиҷаҳонӣ пазируфта шуда, имрӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ таҷлил мегардад. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн низ чун анъана аз замони таъсиси муассиса дар баҳори соли 2013 то имрӯз ин ҷашни миллӣ бо намоиши корҳои эҷодии рассомии омӯзгорону донишҷӯён таҳти унвони рамзии “Аз Наврӯз то Наврӯз” истиқбол гирифта мешавад, ки нишонаи арҷгузории аҳли санъат ба ин ҷашни миллист. Ҳамасола дар арафаи Иди Наврӯз барпо намудани намоиши асарҳои рассомӣ ва наққошии омӯзгорон, ки дорои ҳунари волои рассомӣ ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистонанд, ба рушди ин санъат дар донишкада ва дар маҷмӯъ тамоми ҷумҳурӣ мусоидат мекунад”, – гуфт ректор.

Сипас, Давлат Сафарзода суханронӣ намуд. Ӯ гуфт, дар арафаи ҷашни Наврӯз ташкил намудани намоиши асарҳои устодон фоли нек аст, зеро ҳамаи он ташаббусҳое, ки Пешвои миллат ба хотири байналмилалӣ гардонидани ҷашни Наврӯз анҷом доданд, маҳз дар ин асарҳо инъикоси васеъ шудаанд.
“Наврӯз пайвандгари дилҳост. Ҳар касе, ки Наврӯзро таҷлил мекунаду аз он бо ифтихор ёд меоварад, таърихро мешиносаду ба фарҳанг арҷ мегузорад, зеро Наврӯз шаҳодатномаи таъриху тамаддуни миллати тоҷик аст”, – гуфт муовини вазири фарҳанг.
Дар идома Наргис Ҳамидова суханронӣ карда, зикр намуд, ки дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ баргузор гардидани намоиши эҷодӣ боиси ифтихор аст, чунки дар васфи Наврӯзи хуҷастапай, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, рассомону эҷодкорон пайваста таваҷҷӯҳ менамоянду Наврӯзу баҳор яке аз мавзӯъҳои марказии рассомону эҷодкорон аст.

Баъди ин, дар вазъияти тантанавӣ ба Шералиева Умеда, омӯзгори кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошии факултети санъати тасвирӣ, шаҳодатномаи узвият ба Иттифоқи рассомони Тоҷикистон супорида шуд.

Пас аз маросими ифтитоҳи расмӣ ҳайати меҳмонон асарҳои дар намоишгоҳ пешниҳодшударо тамошо карда, ба майдони наврӯзӣ ташриф оварданд. Онҳо бо намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии донишҷӯёни факултаҳо шинос шуда, ба маҳорату истеъдоди онҳо баҳои баланд додаанд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ Сафарзода Давлат Шариф табрикоти вазири фарҳангро ба самъи устодону донишҷӯён расонида, гуфт, Наврӯз ҷашни покӣ, меҳрубонӣ ва дӯстӣ мебошад, ки ниёгони мо онро аз қаъри ҳазорсолаҳо мерос гузоштаанд. Наврӯзи имсола ба Тоҷикистони биҳиштосои мо бо фазои сулҳу салоҳ, ваҳдату ҳамдилӣ фаро расид, ки ин ҳама шаҳодат аз суннатҳои асосии наврӯзӣ аст.

“Наврӯз ҳамчун рукни фарҳангӣ ва нигоҳдорандаи асолати миллии мо тоҷикони дунё мебошад, яъне забон, урфу одати ҷашнҳо зебоиписандиву ахлоқи ҳамида, андӯхтани дониш ва ҳамсоли онҳоро ташкил медиҳад. Ягона унсуре, ки фарҳанги миллӣ, ё фарҳанги наврӯзиро мустаҳкам нигоҳ дошт, ин забони тоҷикӣ мебошад. Мо халқи тоҷик хушбахттарин халқем. Хушбахтии мо дар он аст, ки дар ҷашни Наврӯз тамоми ҳалқҳои Осиёи Миёна ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак ”табрику муборакбод менамоянд. Ман низ ба ин табрикот ҳамроҳ шуда, аз номи роҳбарияти Вазорати фарҳанги мамлакат дар ин ҷашни бузурги аҷдодиамон ба ҳамаи шумо муборакбод мегӯям”, – гуфт муовини вазири фарҳанг зимни суханрониаш.

Баъди ин, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор омӯзгорону донишҷӯёни муассиса Ифтихорнома ва Сипосномаи Раёсати Донишкада ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм тақдим карда шуд.
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангии иборат аз рақсу суруд дар иҷрои ҳунармандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов идома ёфт. Дар он ҳамзамон, ҳунарманди шинохтаи кишвар Содиқ Холов ба сифати меҳмони ифтихорӣ иштирок намуда, бо таронаҳои хеш табъи ҳозиринро болида гардонид.
Ба қафо

ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

Ба пеш

Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб

Ба пеш
Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб

Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ "ДИЗАЙН" дар намоиш-фурӯши китоб

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон