Раёсат, Иттифоқи касаба, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” аз марги нобаҳангоми муовини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи санъатшиносӣ Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевч сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.
ЁДИ УСТОДИ ЗИНДАЁД, ИНСОНИ КОМИЛУ НЕКСИРИШТ, ШАХСИЯТИ ХОКСОРУ ФУРУТАН, ОЛИМ ВА МУҲАҚҚИҚИ ФОЗИЛУ ДОНИШМАНД, БАРОИ АБАД ГИРОМӢ БОД!