Тибқи дастури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2023, №6590(26.4) ва протоколи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз 27 феврали соли 2023, №4/26-2 бо мақсади гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар минтақаҳои кишвар гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст.
Гурӯҳи кориро таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Достизода Миралӣ, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Орифӣ Озар Баҳромзода, муовини директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ Бозоров Умед аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон- муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ н.и.т., дотсент Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни сафар дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо (сарпарасти соҳа), сардорони раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанг, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф ва илм, ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, директорони мактабҳои санъат, мусиқӣ, рассомӣ ва дигар шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Зимни вохурӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Шарифзода Манучеҳр Муртазо аз якчанд муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии минтақаи мазкур барои боз ҳам беҳтарин хубтар фаҳмонидани мақсад ва моҳияти озмуни мазкур бо наврасону ҷавон аз наздик сӯҳбату вохурӣ доир намуда, дар самти ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин, нозукиҳои талаботи низомномавии озмун ва номинатсияҳои нав воридшуда – санъати тасвирӣ ва дизайн ибрози назар намуда, барои дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ баргузор шудани озмун ва дигар тадбирҳои судманд аз иштирокчиён ва масъулини соҳа даъват ба амал оварданд.
Дар ин замина ёдовар шудан ба мавридаст, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳайси яке аз масъулони асосии озмуни мазкур, дар наминатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба ҳисоб рафта, таҳти роҳбарии бевоситаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари довталабон дар шаҳру навоҳии кишвар бо ҷалби мутахассисони соҳа марҳила ба марҳила семинарҳои омӯзишӣ ташкил намудаистодааст.
Ҳамзамон, барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн бо истифода аз шароит ва имкониятҳои мусоид, камари ҳиммат баста, барои ҷалби бештари довталабон ва ҳаводорони олами санъату зебоӣ саъю талоши хешро менамоянд.