Аз таърихи коррупсия
Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон, нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияро дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV т.м.), дертар дар қонунҳои Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар он замонҳо мафҳуми “коррупсия” ба маъноҳои фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод гардида, ҳамчун рафтори истифода намудани мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд. Масалан: дар китоби «Тарбияномаи Геракл ба писараш Мерикар» омадааст: «Агар хоҳӣ, ки ба тамоми халқ сухани ту корагар бошад, кўшиш намо, ки аз мансабдорони империя ягон даромад дарёфт накунӣ, зеро забони ту дар ҳузури онҳо кўтоҳ ва ҳамаи умури давлатдории ту фано меёбад».
Аксари муҳаққиқон бар онанд, ки маҳз аз байн рафтани давлатдории Юнони қадим, агар аз як тараф кишваркушоиҳои бисёр бошад, аз тарафи дигар, ришвахориву тамаъҷўйӣ дар дохили ҳукумат буд, ки сабаби хароб гаштани пояҳои давлатдорӣ ва оқибат пароканда шудани он гардид.
Ривоятест, ки замони давлатдории ҳахоманишиён, ҳангоми сари қудрат будани шоҳ Дориюш қозие бар ивази пул ҳукми ноодилона содир намуд. Бо фармони шоҳ пўсти он қозиро канда, ба курсии кориаш рўйпўш карданд. Сипас шоҳ ба писари он қозӣ дастур дод, ки ба ҷойи падараш қозӣ шавад ва ба курсии рўйпўши пўсти падараш бинишинад ва доимо дар хотир дошта бошад, ки ҳар нафари ришвахӯрро оқибати кор чунин аст.
Дар аҳди император Ивани III дар империяи Рус агар ба ҷиноятҳои ба ришва алоқаманд адои ҷазо дар шакли ҳабс дар маҳбасхонаҳо пешбинӣ шуда бошад, дар аҳди набераи ў, ки бо тахаллуси Иван Грозний маъруф аст, барои ришвахӯрон ҳукми қатл татбиқ карда мешуд.
Инчунин дар рисолаҳо ва китобҳои муқаддаси динӣ низ дар бобати ришвахӯрӣ ҳукмҳои хеле қотеъ ба чашм мерасанд. Масалан, дар “Қуръон” омадааст: «Моли мардумро нахўред, қозиёнро нахаред, ки дар ҳузури Худованд гунаҳгор ҳисобида шуда, аз зумраи зиёнкорон хоҳед буд». (Сураи ал-Бақара/ 188). Дар Инҷил низ гуфта мешавад, ки «Зиёфат ва тўҳфаҳо гашти хирадмандонаро кўр мегардонад ва ҳамчун ҷароҳат дар рўй андомашро безеб мегардонад» (сураи Юҳанно, 20-29).
Дар тақвияти гуфтаҳои боло, бояд қайд кард, ки дар осори бузургони адабиёти форсу тоҷик, амсоли Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Унсурӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва дигарҳо низ ришвахӯрию ришваситонӣ шадидан маҳкум карда шудааст.
Мисолҳо шаҳодат медиҳанд, ки “коррупсия” дар замонҳои хеле қадим пайдо шудааст, лекин дар асри 21 амалҳои коррупсионӣ аз доираи минтақавиашон берун рафта, ба ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баробар гашта, хатари ҷиддии умумиҷаҳониро ба вуҷуд овард.
Аз ин хотир бо иқдоми СММ 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи давлати Мексика бо ширкати намояндаи зиёда аз сад давлати ҷаҳон конгресс баргузор гардида, дар он Конвенсияи СММ бар алайҳи коррупсия таҳия гардид. Аз он рўз инҷониб, 9 декабр чун Рўзи муборизаи байналмилалӣ бар зидди коррупсия дар ақсои олам эълон шудааст.
Коршиносон қайд мекунанд, ки зарурати дар сатҳи байналмилалӣ эълон доштани паймони мазкур далели он буд, ки қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон амалҳои коррупсионӣ ба авҷи аълояш расида, ҳолати ташвишовар ва нигаронкунанда дошт.
Ин доғи рўз торафт дар тамоми давлатҳои ҷаҳони муосир вусъат ёфта, барои амният ва суботи ҷомеаи мутамаддин таҳдиди ҷиддиро ба вуҷуд оварда, ба раванди ниҳодҳои демократӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва адолати иҷтимоӣ монеаи бузург гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ соли 2006 ба санади мазкур имзои худро гузошт ва соли 2008 Парлумони кишвар паймони байналмилалиро ба тасвиб расонид.
Ҷиҳати вусъат бахшидани мубориза бар коррупсия ва дастгирии ҳамаҷонибаи Конвенсияи СММ дар Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2007 мақоми махсус – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ташкил карда шуда, он фаъолияти пурсамари худро тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Ташкил ёфтани ин мақомот дар самти муборизаи зидди коррупсия гардиши куллӣ ба миён оварда, то ин ҷониб якчанд санади меъёрии ҳуқуқии мутобиқ ба талаботи Конвенсияи байналмилалӣ қабул ва дар амал татбиқ шудаанд. Илова бар ин, 26 январи соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардида, иҷроиши талаботи Стратегияи мазкур ба анҷом расонида шуд. Ҳамчунин, дар соли 2013 боз як санади дигари хеле зарурӣ ва саривақтӣ, яъне «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардид, ки мақсаду мароми он коҳиш додани сатҳи коррупсия, бартараф намудани монеаҳо ба рушди иқтисодиёт ва демократия мебошад.
Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буд, мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рў, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузорад.
Қурбонов З. М.,
ҳуқуқшиноси донишкада