Бахшида ба соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо
Ҳастии тамоми мавҷудоти рӯи замин, аз ҷумла инсоният об маҳсуб меёбад. Имрӯз дар саросари ҷаҳон мушкилоти марбут ба захираҳои обӣ, яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, дар радифи тағйирёбии глобалии иқлим фаъолона омӯхта мешавад. Об қабл аз ҳама захираи барқароршаванда буда, аммо дар иртибот ба тақсимоти нобаробари захираҳои обӣ дар сайёраи замин ва афзоиши аҳолӣ норасоии об ба назар мерасад. Дар ҷаҳон минтақаҳое мавҷуданд, ки дорои таъминоти сатҳи баланди захираҳои обӣ мебошанд. Ин кишварҳо Канада, қисмати Шимолу Ғарби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шимоли Бразилия, Скандинавия, Африқои Марказӣ ва ғайра. Кишварҳои Шарқи Наздиқ, Шимолӣ Африқо, Аврупои Ҷанубӣ аз минтақаҳое мебошанд, ки аз лиҳози захираҳои обӣ танқисӣ мекашанд. Афзоиши босуръати аҳолӣ дар сайёра ба афзудани талабот ва истифодаи об дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, хизматрасонӣ дар маҷмӯъ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсоният боис мегардад. Алҳол дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард одамон аз норасоии об азият мекашанд, зиёда аз 2 миллиард аҳолии кураи замин оби нӯшокии тозанагардидаро истеъмол менамоянд. Тағйирёбии глобалии иқлим ба равандҳое, ки дар муҳити зист ба амал меяонд, таъсир расонида, боиси тағйир ёфтани механизми амалкунандаи фаъолияти тамоми системаи муҳити зист мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки Осиёи Марказӣ дар маркази қитъаи АврОсиё ҷойгир буда, бо мавқеъияти ҷуғрофияш ба шароити мавҷудаи табиию–иқлими Осиёи Марказӣ таъсири назаррас мерасонад. Масоҳати умумии минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз 4 миллион километри мураббаъро ташкил дода, 70 фоизи ҳудудаш аз биёбон, нимбиёбон ва даштҳои хушк иборат аст, ки ин омил боиси норасоии рутубатнокӣ дар ҳудуди минтақа гардидааст. Сарчашмаҳои асосии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба системаи куҳҳо, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳамсоя ҷойгир мебошанд, вобастагӣ дорад. Захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз обҳои рӯизаминӣ (дарё, кӯлҳо), обҳои зеризаминӣ ва пиряхҳо сарчашма мегиранд. Дар таъмин ва нигоҳдории тавозуни захираҳои обии Осиёи Марказӣ системаи кӯҳҳои Тиён–Шон, Олтой, Помир ва пиряхҳо нақши асосӣ мебозанд.
Захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ нобаробар тақсим гардидаанд. Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба кишварҳое мансубанд, ки аз лиҳози захираҳои обӣ норасоӣ ва камбудӣ доранд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки кишварҳои болооб маҳсуб меёбанд дорои захираҳои бойи обӣ мебошанд. Хусусияти муҳими Осиёи Марказӣ дар он аст, ки ду кишвар – Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақаи ташаккулёбии маҷрои об воқеанд. Давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ дар минтақаи маҷрои пароканда қарор доранд. Чунин тарзи ҷараёни захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба кишварҳои болооб–Тоҷикистон ва Қирғизистон имкон медиҳад, ки соҳаи гидроэнергетикаро густариш диҳанд ва барои кишварҳои поёнооб, назири Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон барои обёрии заминҳои корам қулай аст. Саҳми гидроэлектроэнергия дар тавлиди умумии саҳми энергетикаи минтақа ба 27,3% мерасад. Дар Тоҷикистону Қирғизистон ба 75-90 %-баробар буда, дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон саҳми гидроэнергетика кам – на бештар аз 10-15% аз ҳаҷми умумии тавлиди энергияи обӣ мебошад.
Захираҳои обии Қазоқистон дар бештар маврид аз ҳисоби захираҳои обие, ки дар кишварҳои хориҷӣ ташаккул меёбанд, сарчашма мегирад. Беш аз 50% захира ва маҷрои обии Қазоқистон, аз ҷумла дарёҳои калонтарини ин кишвар Иртиш, Сирдарё ва Или берун аз ҳудуди Қазоқистон сарчашма гирифта, қисме аз захираҳои обии ин кишвар дар ҳудуди Қазоқистон аз дарёҳои на он қадар бузург, кӯл ва пиряхҳо ташаккул меёбанд.
Дар Ӯзбекистон беш аз 17,7 ҳазор рӯдҳои табиӣ мавҷуд аст, ки қисми бештари онро рӯдҳои хурд, ки дарозиашон камтар аз 10 км мебошанд, инчунин 505 кӯл, ки асосан аз обанборҳои хурд иборат буда, масоҳаташон 1 километри мураббаъро ташкил медиҳанд. Дар ин кишвар 53 обанбор бунёд гардидааст, ки таъиноти ирригатсионӣ- обёрӣ доранд. Дар Қирғизистон 1923 кӯл бо масоҳати рӯизаминии 6.84 ҳазор км мавҷуд аст. Исиқкӯл, Сонкӯл ва Чатиркӯл аз кӯлҳои бузурги Қирғизистон маҳсуб меёбанд. Захираи оби тозае, ки дар кӯлҳои Қирғизистон мавҷуд аст, 1745 км кубиро ташкил медиҳад. Дар кӯлҳои бузургтарини Қирғизистон беш аз 55% масоҳати рӯизамини кӯлҳои Осиёи Марказӣ рост меояд. Аз ҳаҷми умумии ҳавзаи баҳри Арал, ки 115 км кубиро ташкил медиҳад, 64 км кубиаш дар Тоҷикистон ташаккул меёбад. Бо назардошти ҷорӣ гардидани Сирдарё тавассути қаламрави Тоҷикистон, ки аз Қирғизистон ибтидо мегирад, ҳаҷми маҷрои обаш дар Тоҷикистон ба 80 км кубӣ баробар мебошад. Тибқи гузорише, ки аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000 ҷамъ гардида, саҳми маҷрои дарёҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Афғонистон дар таъминоти ҳаҷми оби ҳавзаи баҳри Арал ба таври зерин раддабандӣ гардидааст: Тоҷикистон 55,4%, Қирғизистон 25,3%, Ӯзбекистон 7,6%, Афғонистон 5,4%, Қазоқистон 3,9 % ва Туркманистон 2,4%.
Аз оби Сирдарё Ӯзбекистон 50,5%, Қазоқистон 42%, Тоҷикистон 7% ва Қирғизистон 0,5% истифода менамоянд. Аз оби Амударё бошад Ӯзбекистон 42,2%, Туркманистон 42,3%, Тоҷикистон 15,2% ва Қирғизистон 0,3% истифода мекунанд.
Тибқи сарчашмаҳо дар зарфи сад соли охир (1900-2002) баландшавии ҳарорат дар кишварҳои минтақа афзуда, ҳаҷми боришот кам гардид. Ҳарорати умумии миёнаи солона дар Қазоқистон ба 1,4 дараҷаи селсия, ҳаҷми боришоти солона бошад ба 17 мм баробар гардид. Ҷунин раванди тағйирёбии иқлим дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мегардад. Ин раванд шаҳодати ташвишовари тағйирёбии иқлим дар минтақа ҳоҳад буд. Гармшавии бошидати иқлим дар тамоми кишварҳои минтақа мушоҳида гардида, он боиси коҳиш ёфтани захираҳои обӣ мегардад.Тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар соли 2050 ҳаҷми ҷараёни ҳавзаи Амударё 10-15% ва Сирдарё 6-10% коҳиш хоҳанд ёфт. Гармшавӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳи Помир, Тён –Шон Олтой, Ҳисору Олой ва дигар системаи кӯҳҳои минтақа бори дигар аз раванди глобалии мавҷуда шаҳодат медиҳад. Захираҳои пиряхҳо дар ноҳияҳои кӯҳиии Осиёи Марказӣ манбаъи асосии серобшавии дарёҳо ва сарчашмаи муҳими оби тоза мебошанд. Дар мавсими гармо, вақте, ки захираи мавсимии барф тамом мегардад, ин раванд ба норасоии об барои обёрӣ, ки талабот ба он зиёд мегардад, боис мешавад. Бино ба таҳлили коршиносон паҳншавии таназзули пиряхҳо мушоҳида мегардад, ки аз байн рафтани пиряхҳои хурд, лағшиш ва фаромадани пиряхҳои бузург ба ин мисол шуда метавонанд. Ин раванд бори дигар бозгӯи сатҳи хатар ба мувозинати муосири тамоми системаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад.
Пиряхҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ташаккули Сирдарё ва Амударё, ки бузургтарин шохобҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи баҳри Арал маҳсуб меёбанд, нақши муҳим мебозанд. Дар тамоми кишварҳои минтақа тағйирёбии иқлим бевосита ба ҳаҷми пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии серобии руду дарёҳои минтақаанд, инчунин ба дастрасии аҳолии кишварҳои поёноб ба об ва ба низоми ҳамкориҳои байни кишварҳои минатқа таъсир хоҳад расонд.
Бояд тазаккур дод, ки зери мафҳуми амният, амнияти иқтисодӣ, экологӣ, озуқаворӣ, иҷтимоӣ ва ғайра нуҳуфтааст. Амният мафҳуми калидӣ дар сохтори мавҷудияти дилхоҳ давлат ва дар маҷмӯъ муайянкунандаи авзои геополитикӣ дар минтақа мебошад. Дар ин росто об, ҳамчун омили калидии некуаҳволии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Маҳдуд гардидани захираҳои обӣ проблемаи ҷиддӣ буда, масъалаи таъмини амнияти ин омил барои кишварҳои минтақа муҳим мебошад. Тағйироти манфӣ дар мавриди дастрасӣ ба захираҳои обӣ имкон дорад ба муноқишаҳои сиёсию иҷтимоӣ боис гардад. Аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ босуръат афзоиш меёбад ва ҳаҷми об барои аҳолӣ ва объёрии заминҳои нави корам, инчунин барои истеҳсолот ва озуқаворӣ муҳим аст, бетағйир мемонад. Шароити зиндагии сокинон ва рушди минбаъадаи минтақа ба оби тозаи ошомиданӣ сахт марбут аст. Тағйирёбии мувозинати захираҳои обии минтақа дар робита ба гармшавии глобалӣ боиси кам гардидани захираҳои оби минтақа мегардад. Ин раванд бешак барои авзои геополитикии Осиёи Марказӣ, бахусус паст ва кам гардидани сифат ва ҳаҷми захираҳои обӣ ба иқтидори иқтисодии минтақа хатарнок арзёбӣ мегардад.
Бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои бузурги истифодабарандаи об буда, қисмати бештари заминҳои кишоварзии минтақа объёриро тақозо менамоянд, бахусус соҳаҳои пахтакорӣ ва шоликорӣ. Аз ин рӯ, истифодаи беш аз нисфи захираҳои обии минтақа дар соҳаи кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии сарфакорона истифода нашудани об аз ҷониби истифодабаранагон маҳсуб меёбад. Инчунин бархе аз каналҳои обёрии минтақа бетон карда нашудааст ва қисми бештараш таъмирталаб мебошанд. Дар ин росто, нишондоди талафоти об дар системаҳои обёрии минтақа ба 50-70% аз ҳаҷми об баробар аст. Аҳолии босуръат афзояндаи минтақа, ки афзоиши солонааш 2-3%-ро ташкил медиҳад, талаботҳои навро дар сатҳи таъмини озуқа ва оби ошомиданӣ ба миён меорад. Афзоиши талабот ба оби нӯшокӣ шиддатнокии иҷтимоиро дар минтақа ба бор оварда, инчунин ба низоми ҳамкориҳои байналмилалӣ дар минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Гидроэнергетика дар қиёс ба соҳаи кишоварзӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ чандон нақши муҳим надорад, вале барои Тоҷикистон ва Қирғизистон соҳаи гидроэнергетика захираи муҳими рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, низоъҳо байни ду гурӯҳи давлатҳои минтақа: 1) Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон. 2) Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шакли ихтилоф ва зиддият меафзояд. Системаи захираҳои обии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба системаи обии фаромарзӣ пайваст мебошанд. Тағйирот дар як кишвар дар мавриди истифодаи об ба манфиатҳои дигар кишварҳои минтақа таъсири ногузир мерасонад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон кишварҳое мебошанд, ки ҷараёни асосии ҳавзаи баҳри Арал (беш аз 80%) аз обҳои онҳо ташаккул меёбанд, аз истифодаи захираҳои обии минтақа барои тавлиди нерӯи барқ бештар манфиатдоранд. Кишварҳои поёноб, назири Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон захираҳои обии минтақаро бештар дар бахши обёрии заминҳо истифода менамоянд. Захираҳои обӣ дар рушди саноат нақши бузург мегузорад. Дар соҳаи саноат 29% -и захираҳои обии дунё истифода мегарданд.Маҳдуд гардидани захираҳои обии минтақа бо назардошти воқеъ будани ҳавзаи дарёҳои Осиёи Марказӣ дар қаламрави дигар кишварҳо омили рақобат дар рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо гардидааст. Вуҷуд доштани манфиати миллии бархе аз кишварҳои минтақа дар шакли манфиатҳои гуногуни иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоӣ тафовут мекунанд. Ҳол он, ки эҳтимолияти зиддиятҳо дар Осиёи Марказӣ дар масъалаи тақсимоти об байни кишварҳои минтақа, инчунин дар масъалаи оби тоза, ки кишварҳои болооб ба он дастрасии бештар доранд, вуҷуд доранд. Асоси ихтилофҳо пеш аз ҳама ба масъалаи истифодаи захираҳои обии минтақа: обёрӣ ё гидроэнергетика такя мезанад. Таҳдиди асосӣ ба амният дар минтақа бо назардошти истифодаи захираҳои обӣ боиси ба вуҷуд омадани таҳдидҳои иҷтимоӣ дар кишварҳое мегардад, ки дар онҳо оқибатҳои хатарҳои иҷтимоӣ авҷ мегиранд. Сиёсӣ:
. – Эҳтимолияти тағйир ёфтани сохтори сиёсии давлатдорӣ,
.- ба вуҷуд омадани «қувваи сеюм», ки мехоҳад вазъиятро барои манфиатҳои муайяни худ ноором гаронад,
.- таҳдиди вуруди муҳоҷирон ба қаламрави кишварҳои дигари минтақа
.- хатари ба вуҷуд омадани низоъи қавмӣ ва иқтисодӣ
.- якбора паст гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ
.- коҳиш ёфтани истифодаи гидроэнергетика
Бояд тазаккур дод, ки дар мавриди ба амал омадани низоъҳои байнидавлатӣ ва дохилидавлатӣ дар иртибот ба масъалаи истифодаи захираҳои обӣ проблемаҳои мураккаб ба вуҷуд меоянд, ки дорои хусусияти мутақобилаанд. Бояд тазаккур дод, ки механизми тақсимоти захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз даврони шӯравӣ амал менамояд, кайҳо кӯҳна гардида, ба манфиати кишварҳои минтақа ҷавобгӯ нест. Густариши ҳамкориҳои самарабахш ва муштараки кишварҳои минтақа дар масъалаи захираҳои обӣ бояд дар доираи анъанаҳои истифодаи оқилона ва самараноки об, сохтори идорӣ ва арҷгузорӣ ба манфиати миллии кишварҳо ба роҳ монда шаванд. Алҳол масъалаи идораи захираҳои оби минтақа бо як қатор санадҳое, ки дар замони пасошӯравӣ қабул гардидаанд, ба танзим дароварда мешаванд. Яке аз ин санадҳои муҳим Эъломияи Нуқус оид ба проблемаи рушди устувори ҳавзаи баҳри Арал (1995) ва Созишномаи Алмато оид ба ҳамкории муштарак дар соҳаи идора ва истифодаи захираҳои об (1992) мебошанд. Инчунин барои идора намудани захираҳои обӣ дар соли 1992 дар Тошканд Комиссияи байналмилалии ҳамоҳангсозии хоҷагии об бо ҳавзаҳои иттиҳодияҳои хоҷагиҳои оби «Амударё» ва «Сирдарё» таъсис дода шуд. Масъалаи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар худ маҷмӯи проблемаҳои бо ҳам тавъамро, аз қабили масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро дар бар мегирад.
Қонунгузории кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи захираҳои обӣ низ яктарафа буда, танҳо бо назардошти манфиатҳои миллии давлатҳо таҳия ва қабул гардидаанд. Масъалаи мазкур тамоми кишварҳои минтақаро водор месозад, ки дар ҳамкории муштарак бо назардошти манфиатҳои кишварҳо дар роҳи ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ қадамҳои устувор гузоранд.
Мураттибон: ассистенти кафедраи
Технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Султонайдаров Х.Х., Самеева Р.П.