Дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва амали намудани нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати сазовор таҷлил намудани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, ки имсол дар доираи эълон гардидани Моҳвораи ҷавонон аз 1-уми май то 30-юми майи соли равон дар Ҷумҳурӣ дар сатҳи хеле ҳам бошукӯҳ таҷлил гардида истодааст, дирӯз дар назди “Маҷмаъаи устод С.Айнӣ” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн”-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҳфили муштараки адабӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ” ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Ширинбекзода Садриддин Авазбек, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Назариён Обид Одилзода, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, намояндагон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, намояндагони ВАО ва сокинону меҳмонон иштирок доштанд.
Қабл аз оғози маҳфил, нахуст ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз намоиши асарҳои рассомии баландмазмуни офаридаи устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дидан намуданд.