Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Хабарҳо

ДДСТДТ: ҲИСОБОТИ ҶАМЪБАСТИИ СОЛОНАИ 202З

05.01.2024
415026208_1429051817959677_1653297639054727322_n415026208_1429051817959677_1653297639054727322_n
417105243_1429052677959591_4239533528238131881_n417105243_1429052677959591_4239533528238131881_n
415068043_1429052557959603_5751379822308115041_n415068043_1429052557959603_5751379822308115041_n
414947143_1429052191292973_5011848564967236691_n414947143_1429052191292973_5011848564967236691_n
Имрӯз Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳарии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботии соли 2023-ро дар Донишкада ташкил ва баргузор намуд.
Дар маҷлиси ҳисоботӣ масъалаҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд:
1. Ҳисоботи ректор оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар соли 2023;
2. Ҳисоботи раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишкада дар соли 2023;
3. Ҳисобот дар бораи фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба ташкили фонди ихтиёрӣ дар соли 2023;
Дар ибтидо ректори Донишкада н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҳайати профессорону омӯзгорон дар маҷмӯъ аҳли толорро бо Соли нави мелоди табрику муборакбод намуданд.
Зимни ироаи ҳисоботи солона, ректори Донишкада- профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат қайд намуданд, ки соли 2023 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада соли воқеан таърихӣ ба ҳисоб мерафт.
Ба шарофати заҳмати содиқонаи ҳар як аъзои коллективи меҳнатӣ, нақшаву ниятҳои пешбининамудаи Донишкада, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони сатҳи баланди касбӣ, боло бурдани сифати корҳои эҷодӣ ва иштироки фаъолона намудан дар намоишҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Таҷлил намудани ҷашни даҳ солагии таъсисёбии Донишкада, гузаштан аз аттестатсияи навбатии давлатӣ, соҳиби ҷойҳои зиёди ифтихорӣ гаштани донишҷӯёни муассиса дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” аз арзишмандтарин дастовардҳои соли 2023 ба ҳисоб мерафт.
Таъкид гардид, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2013 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иҷрои банди 11 “Барномаи давлатии рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015” дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №114 ташкил шуд, ки таъсис ёфтани чунин муассисаи давлатии олии касбӣ орзуи тамоми рассомон ва дизайнерон буд.
Зикр гардид, ки бо заҳмату талошҳои якҷояи кормандон Донишкада дар тӯли як муддати кутоҳи таърихи давраи “рушд”-ро сарбаландона паси сар намуда, дар ин марҳила беҳтарин мутахассисон-рассомон ва дизайнерони беназирро тарбия намуд. Дар ин давра Донишкадаро то имрӯз 1587 нафар хатм намуда 64 нафарашон сазовори дипломи аъло гардидаанд, ки инро метавон аз зумраи дастовардҳои бузурги Донишкада дар самти омода ва ба камол расонидани мутахассисони соҳаи ҳунар ва зебоиофари номид.
Дар ин замина қайд гардид, ки дар Донишкада раванди таълим дар зинаи бакалавриат, магистратура ва доктор PhD ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон Донишкада пас аз бо муваффақият гузаштан аз аттестатсияи навбатии давлатӣ соҳиби “Иҷозатнома” оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ барои 5 – соли минбаъда гардид.
Тибқи Иҷозатномаи мазкур Донишкада имконият пайдо намуд, ки минбаъд дар баробари ихтисосҳои амалкунанда, яъне 27 ихтисос боз як ихтисоси нави дигар бо номи Зебосозии шаҳр (Урбодизайн) ва дар баробари курсҳои мавҷудбуда курсҳои кутоҳмуддати зеринро дар муассиса ҷорӣ намояд, аз ҷумла:
– курсҳои кутоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ (наққошӣ, кандакорӣ, заргарӣ, кулолгарӣ);
– омӯзиши забонҳо (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ);
– дизайн ва барномасозӣ;
– инчунин курсҳои кутоҳмуддати тайёрӣ ба мактаб.
Қайд карда шуд, ки дар соли ҳисоботӣ ҷашни даҳ солагии таъсисёбии Донишкада санаи 17.03.2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки васеи меҳмонони воломақом, бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар арафаи таҷлил аз ҷашни мазкур эҳдо ба 10–солагии таъсисёбии Донишкада аз ҷониби Раёсати муассиса “Энсиклопедия”, таҳия гардид, ки дар он дар бораи нафароне, ки дар рушду нуму ва пешрафти Донишкада саҳми пурарзиши худро гузоштаанд, маълумот дода шудааст.
Бо хурсандӣ ва сарфарозӣ ёдовари гардид, ки имсол пешниҳоди раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани ду номинатсияи дигар, яъне номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн дар Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, санаи 2 феврали соли 2023 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати гузаронидан ва тасдиқи Низомномаи озмуни мазкур дар соли 2023 ба имзо расид (02.02.2023, №АП-329), ки бори дигар аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дарак медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки аз 26 сентябр то 30 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада дар синну соли аз 12 то 17 сола 3 нафар ва аз 18 то 40 сола 28 нафар дар умум 31 нафар фаъолона иштирок намуданд. Аз ин теъдод 11 нафар дар номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн 2 нафар омӯзгорони кафедраҳои дизайн ва меъмории ба номи Карим Наҷмиддинов ва кафедраи тарҳрезии бадеии либос сазовори ҷойи якум, ва аз шумораи донишҷӯён бошад 5 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 4 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Аз ҷумла 2 нафар дастпарварони Донишкада – дар номинатсияи санъати тасвирӣ Ҳикматзода Муҳаммадҷон – магистранти курси 1 ва дар номинатсияи дизайн Саидова Наргиза – донишҷӯи курси 5 барандаи Шоҳҷоизаи Озмун гардиданд, ки ин ҳам яке аз дастовардҳои беназири Донишкада дар соли ҷорӣ ба шумор меравад.
Дар идома ҳисоботи раисони Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишкада Комилов Саидбек ва Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба ташкили фонди ихтиёрӣ Холов Мизроб дар соли 2023 шунида шуд.
Ҳайати кормандон ва профессорону омӯзгорони Донишкада ҳар як ҳисоботро дар алоҳидагӣ мавриди муҳокима қарор дода ба фаъолияти Кумитаи иттифоқи касаба ва Комиссияи фонди ихтиёрӣ дар соли 2023 баҳои мусбат дода, аҳли толор бо як овоз натиҷаи фаъолияти онҳоро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Дар қисмати масъалаҳои ҷорӣ як қатор омӯзгорону кормандони фаъол барои саҳми шоиста гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон барандагони Шоҳҷоиза ва ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” бошанд дар фазои тантанавӣ бо ифтихорномаҳои раёсати Донишкада сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом ба як қатор омӯзгорон ва шунавандагони курси бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, ки курси бозомӯзиро аз рӯйи равияи санъати тасвирӣ дар зарфи як моҳ дар Донишкада бо муваффақият ҷамъбаст намуданд, аз ҷониби Раёсат ба онҳо Сертификат тақдим карда шуд.
Ба қафо

Эълон

Ба пеш

Ба муносибати 115 – солагии “Таърихи тамаддуни китоби Бобоҷон Ғафуров”

Ба пеш
Ба муносибати 115 – солагии “Таърихи тамаддуни китоби Бобоҷон Ғафуров”

Ба муносибати 115 – солагии “Таърихи тамаддуни китоби Бобоҷон Ғафуров”

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон