Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Хабарҳо

ДДСТДТ: ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ VI ДОНИШҶӮЁНИ ОСИЁИИ “ӮЗБЕКИСТОН- ОСИЁ 2023”- ҚАДАМИ УСТУВОРЕ ДАР ВУСЪАТИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶИИ ДОНИШКАДА

23.09.2023
photo_2023-09-22_16-25-50photo_2023-09-22_16-25-50
photo_2023-09-22_16-25-51photo_2023-09-22_16-25-51

Дар “Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми VI донишҷӯёни Осиёии «Ӯзбекистон-Осиё 2023» баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмиллалӣ- Давлатзода Гулнора Шариф, раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарон- Умарова Зумрат, ҳамзамон донишҷӯёну магистрантони фаъоли Донишкада: Муҳаммадҷони Ҳикматзода, Раҳмонқулова Нозанин, Бобохонова Мадина ва Турсунзода Сабрина ширкат доштанд.

Таъкид намудан ба мавридаст, ки Форуми донишҷӯёни Осиёӣ донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли фаъоли кишварҳои Осиёро вобаста ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти касбӣ муттаҳид намуда, ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои таълим, илм, фарҳанг, эҷод, иҷтимоӣ ва сиёсӣ метавонад мусоидат намояд.

Форуми мазкур таҳти сарпарастии “Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё” бо дастгирии Вазорати илм ва таҳсилоти олӣ, Агентии Федералии ҳамкориҳои Россия (Россотрудничество)-и Федератсияи Русия ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор карда шуд.

Зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш.Рашидов, ҳамзамон Президенти “Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё”- д.и.т., профессор Холмуродов Рустам Ибрагимович- ташкил ва баргузор намудани форуми мазкур аз ҷониби “Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё”-ро шарҳ дода, таъкид намуданд, ки ташкили чунин форумҳо миёни ҷавонону донишҷӯён ин пеш аз ҳама мусоидат ба рушди устувор ва прогрессивии робитаҳои ҷавонон дар фазои Осиё, тавсеаи муколамаи байни тамаддунҳо, ҳамгироӣ дар соҳаи гуманитарӣ, муносибати ғамхорона ва таҳаммулпазирона ба фарҳангҳои гуногун, таърих ва вазъи имрӯзаи онҳо, ҷалби ҷавонони кишварҳои Осиё ба татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии фарҳангӣ, гуманитарӣ, таълимӣ, варзишӣ ва эҷодӣ, баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалии ҷавонон, фаъол гардонидани ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ байни донишгоҳҳои Осиё, рушди ҳаракати байналмилалии академӣ, ҳамкориҳои шабакавии таълимӣ ва илмии донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои Осиё дар доираи “Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё” аз ҳадафҳои асосии форуми мазкур ба ҳисоб меравад.

Дар доираи Форуми мазкур барномаҳои мухталифи таълимӣ (интерактивӣ, экспресс лексияҳо, мастер-классҳо, семинарҳо), барномаи ҷолиби фарҳангию эҷодӣ, яъне Фестивали фарҳангҳои миллӣ, намоиши ашёи таърихию фарҳангии мероси халқҳои минтақаи Осиё баргузор карда шуд, ки дар он донишҷӯён, аспирантҳо, магистрантон, шунавандагон ва дигар намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои Осиё – аъзои “Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё” бо шумори зиёда аз 200 нафар аз 30 донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Зимни баргузории Фестивали фарҳангҳои миллӣ, намоиши ашёи таърихию фарҳангии мероси халқҳои минтақаи Осиё аз ҷониби донишҷӯёну магистрантони Донишкада коллексияҳои либосҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҳамзамон чанд асари эҷодии баландмазмуни “Кундал” намоиш дода шуд, ки мавриди истиқболи гарм ва самимии дӯстдорону ҳаводорони олами пурғановати соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамчун ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дар системаи маориф ва фарҳанги кишвар 10 сол боз инҷониб фаъолият дорад. Дар муддати кӯтоҳи фаъолияти хеш бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан кумаку дастгириҳо, таъмини шароиту имкониятҳои мусоид аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба соҳаи фарҳанг таваҷҷӯҳи хосса доранд, ва пайваста наврасону ҷавононро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар таъкид месозанд, Донишкада имрӯз дар низоми маориф ва фарҳанги кишвар ҳамчун боргоҳи илму хирад ва омӯзиши касбу ҳунар ҷойгоҳи хоссаро пайдо намудаистодааст.

Раёсати Донишкада феълан бо донишгоҳу донишкадаҳои зиёда аз 10 давлатҳои хориҷӣ созишнома баста ҳамкориҳоро марҳила ба марҳила, ҷиҳати ташкили табодули академии донишҷӯёну магистрантон, намоишҳо ва конференсияҳои муштарак, ташкил ва баргузор намудани дарсҳои маҳорати касбӣ ва ғ., ба роҳ мондаистодааст. Узвияти Донишкадаро ба “Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё” низ, метавон нишони эътирофи Донишкада миёни 104 донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузӣ 11 давлатҳои хурду бузурги минтақаи Осиё, аз ҷумла: Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Таиланд, Малайзия, Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бе шумори кишварҳои Аврупоӣ номид.

Бояд қайд намуд, ки танҳо дар як соли охир дар кишвари ба мо дӯсту бародар, яъне Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи созишнома ва ҳамкориҳои тарафайн бо Академияи Рассомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Бухоро, Донишгоҳи санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш.Рашидов-ду маротиба намоиши асарҳои рассомон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада бо иштироки рассомони барҷаста ва дустдорону ҳаводорони соҳаи санъати тасвирӣ ташкил ва баргузор карда шуда, донишҷӯёни ихтисосҳои санъатшиносӣ бошад бо роҳбарии омӯзгорони соҳа давраи таҷрибаомӯзии худро дар шаҳрҳои таърихии Самарқанду Бухоро гузаронида буданд.

Албатта ин ҳама ҳамкориҳо ва робитаҳои неки муштаракро метавон натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Роҳбариятии Олии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар, ки маҳаки асосии сиёсаташонро пойдор намудани дӯстиву садоқат, арҷгузорӣ ба таърихи муштараки ниёгон, ҳусни ҳамҷаворӣ, некиву хайрхоҳӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ташкил медиҳад, номид.

Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати “Дарҳои боз”-ро ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш гирифтааст, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки робитаву ҳамкориҳои худро дар самти равобити хориҷӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи олам зиёдтар намуда, бо ин васила маҳорату малакаи касбӣ, савияи дониш, сатҳи ҷаҳонбинии омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантонро боз ҳам баландтар бардошта, рушди босуръати соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайнро дар Тоҷикистони азиз таъмин намуда, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.

Ба қафо

ДДСТДТ: ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Ба пеш

Чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддинӣ Балхӣ”

Ба пеш
Чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддинӣ Балхӣ”

Чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддинӣ Балхӣ”

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон