Аз санаи 14-ум то 16-уми майи соли ҷорӣ дар асоси ҷадвали баргузории аттестатсияи давлатии хатм, ки бо фармоиши ректори Донишкада аз 29.04.2024 №42 тасдиқ гардидааст, магистрантони курси дуюми ихтисосҳои 1-31030408- WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ, 1-21040203- Санъатшиносӣ, 1-150101-Манзаранависӣ, 1-19010105-Дизайн (костюм ва газвор) ва 1-150201- Санъати ороиши амалӣ дар бахши мазкур имтиҳони давлатиро аз фанҳои тахассусӣ супорида сазовори баҳои муносиб гардидан.
Дар фарҷом Раиси Комиссия, муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ ва мудири бахш хатмкунандагонро барои сарбаландона супоридани имтиҳони давлатӣ табрику таҳният намуда, ба ҳар яки онҳо дар самти корҳои илмӣ-эҷодии минбаъда ва дар сатҳи баланд ҳимоя намудани рисолаҳои магистрӣ барору комёбӣ орзу намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар соли таҳсили ҷорӣ 33- нафар магистрантон аз рӯйи 6- ихтисос, аз ҷумла: Дизайн (костюм ва газвор), Манзаранависӣ, Санъати ороиши амалӣ, Дизайни дохили бино, Санъатшиносӣ ва WEB-дизайн ва графикаи комютерӣ таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоиҳои Арбобони ҳунари Тоҷикистон, профессорон, докторини илм, номзадони илм, олимону муҳаққиқони варзида ва муаллимони калони соҳибтаҷрибаи Донишкада зинаи таҳсилоти магистратураро хатм менамоянд.