Имрӯз тибқи Нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Ректори Донишкада Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Алиакбар Бекназар, муовинони ректор, сардорони бахшу шуъба, деканони факултет ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Дар нишаст 14 рӯзноманигор аз АМИТ “Ховар”, телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Сафина”, ”Илм ва табиат”, “Баҳористон”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, радиоҳои “Ховар”, “Тоҷикистон”, “Овози тоҷик”, “Садои Душанбе”, нашрияҳои “Омӯзгор”, “Паёми Душанбе”, “Мароми пойтахт”ва “Истиқлол” иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст ректори муассиса Сироҷиддин Ҷурахонзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассиса дар соли 2025 маълумот дода, қайд кард, ки соли сипаришуда барои Донишкада соли пурбору хотирмон буда, бо дастовардҳои назаррас дар самтҳои таълим, илм, эҷод, робитаҳои байналмилалӣ ва инфрасохторӣ фарқ мекунад.
Таъкид шуд, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2013 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ин муддат 2 ҳазору 224 нафар хатмкунанда ба камол расида, 84 нафар муассисаро бо дипломи аъло хатм намудаанд.
Дар нишаст зикр гардид, ки соли ҷорӣ 6 нафар омӯзгори муассиса рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, дар доираи барномаи дохилидонишкадавии ҳавасмандгардонӣ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шудаанд. Ин нишондиҳанда аз болоравии иқтидори илмии муассиса дарак медиҳад. Ҳоло дар донишкада унвонҷӯён, докторони фалсафа (PhD), магистрантон ва докторантон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд.
Таъкид шуд, ки донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада дар олимпиадаҳо, фестивалҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироки фаъолона дошта, натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Аз ҷумла, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» донишҷӯёни донишкада дар давоми се сол 3 маротиба соҳиби “Шоҳҷоиза” ва даҳҳо ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Танҳо соли ҷорӣ 13 нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои намоён шуда, 1 нафар соҳиби “Шоҳҷоиза” гардид.
Дар ҷараёни нишаст доир ба фаъолияти эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён низ иттилоъ дода шуд. Қайд гардид, ки соли 2025 як қатор дар муассиса намоишҳои инфиродӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардида, асарҳои рассомони Донишкада дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Чин, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия муаррифӣ шуданд. Ҳамзамон, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ намоиши асарҳои рассоми маъруфи ӯзбек Аслиддин Калонов дар толори муассиса баргузор гардид.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки раванди қабули донишҷӯён соли ҷорӣ бо нишондиҳандаҳои мусбат анҷом ёфта, нақшаи қабул нисбат ба соли гузашта 20 фоиз афзоиш ёфтааст. Айни замон дар донишкада 1185 нафар донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона, фосилавӣ ва зинаҳои баъдидипломӣ таҳсил менамоянд. Дар соли сипаришуда 332 донишҷӯ муассисаро хатм намуданд, ки 9 нафар бо дипломи аъло сазовор шуданд.
Масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти раёсат арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки хатмкунандагони гуруҳҳои буҷавии равияи омӯзгорӣ пурра бо ҷойи кор таъмин шудаанд ва барои хатмкунандагони шартномавӣ низ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар идомаи нишаст ба фаъолияти китобхона, шуъбаи методӣ, таъмини заминаи моддӣ-техникӣ ва беҳтарсозии шароити таҳсил таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Зикр шуд, ки китобхонаи донишкада дорои беш аз 18 ҳазор китоб буда, соли 2025 дар озмуни “Китобхонаи беҳтарин” ҷойи дуюмро соҳиб шуд.
Дар самти робитаҳои байналмилалӣ таъкид шуд, ки Донишкада бо даҳҳо муассисаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, танҳо соли ҷорӣ якчанд созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, дар асоси онҳо донишҷӯён ва омӯзгорон дар чорабиниҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро сазоворона муаррифӣ намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро бо истифода аз имкониятҳои муосир тақвият бахшида, дар рушди фарҳанг, санъат ва тарбияи мутахассисони баландихтисос саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Дар қисмати дуюми нишаст намояндагони васоити ахбори омма роҷеъ ба тамоми паҳлӯҳои фаъолияти муассиса саволгузорӣ намуда, аз ҷониби ректор, муовинон ва мудирони шуъбаҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.