Бо мақсади иҷрои муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 оид ба татбиқи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ ва пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Худойбердиева Ҷамила Чоршанбеевна, муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Давлатзода Гулнора Шариф, мудирони шуъбаву бахшҳо, деканони факултет, мудирони кафедраҳо ва ҳайати омӯзгорону кормандони муассиса иштирок намуданд.
Вохӯриро бо сухани муқаддимавӣ Ҷамила Худойбердиева ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардида, аз замони пайдоиш, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад.
“Дар қатори афзоиши дигар ҷиноятҳои таҳдидкунандаи хатари вазнин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ коррупсия низ таъсири манфии худро ба пешравии иқтисодиёти ҷаҳонӣ гузоштааст. Бинобар ин ҷомеаи ҷаҳониро зарурият пеш омад, ки бо дарки хатари коррупсия ва оқибатҳои манфӣ доштани он санади байналмилалиро вобаста ба муқовимат бо коррупсия қабул намояд”, – гуфт номбурда.
Сипас, Розиқзода Алихон Абдулҳаким, суханронӣ намуда, роҷеъ ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» маълумот дод.
Ӯ зикр кард, ки пешгирӣ накардани ин ҷинояти вазнин боиси заиф гардидани сутуни давлатдорӣ ва коста гардидани обрӯи давлат дар арсаи байналмиллалӣ мегардад. Бинобар ин моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва мунтазам аз байн бурдани он дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаи беамон бурда, ватани азизамон Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафта ва озод аз коррупсия муаррифӣ намоем.