Имрӯз тибқи Нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Ректори Донишкада Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, муовинони ректор, сардорони бахшу шуъба, деканони факултет ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Дар нишаст 15 рӯзноманигор аз АМИТ “Ховар”, телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Сафина”, ”Илм ва табиат”, “Баҳористон”, радиоҳои “Овози тоҷик”, “Фарҳанг”, нашрияҳои “Халқ овози”, “Омӯзгор”, “Паёми Душанбе”, “Мароми пойтахт”, “Истиқлол”, маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”, хабаргузории “Рейтерз” ва сомонаи Oila.tj иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст ректори муассиса Сироҷиддин Ҷурахонзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассиса дар соли 2024 маълумот дода, қайд кард, ки дар Донишкада раванди таълим дар зинаи бакалавриат, магистратура ва доктор PhD ба роҳ монда шуда, айни ҳол, 1308 донишҷӯ, аз ин шумора 590 нафар дар шуъбаи рӯзона, 388 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва 54 нафар дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантура таҳсил менамоянд.
“Раёсати Донишкада таъмини мутахассисони ҷавонро бо ҷойи кор яке аз масъалаҳои калидӣ дар фаъолияти худ дониста, донишҷӯёнеро, ки тариқи буҷҷавӣ хатм менамоянд, ҳар сол тибқи роҳхат ба ҷойи кор таъмин менамояд. Дар баробари ин, раёсат кӯшиш менамояд, ки донишҷӯёни тариқи шартномавӣ хатмкардаро низ бо ҷойи кор таъмин намояд. Ҳамин тариқ, аз шумораи умумии хатмкунандагон 38 нафари онҳоро хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии равияи омӯзгорӣ ташкил медиҳанд, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм пурра ба ҷойи кор таъмин гардиданд. Ҳамзамон, 22 нафар хатмкунандагони гуруҳҳои ройгони равияҳои ғайриомӯзгорӣ ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин гардидан ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд”, – гуфт ректор.
Зикр шуд, ки дар соли сипаришуда аз ҷониби омӯзгорони Донишкада Одиназода Бахтиёр, Саидов Наврӯз, Шералиева Умеда ва Ҷалолова Парвина намоиши инфиродии асарҳои эҷодӣ гузаронида шуд, ки ин барои муассисаи олии тахассусӣ дастоварди арзишманд маҳсуб меёбад.
“Омӯзгорони эҷодкори Донишкада дар зиёда аз 10 намоиши сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва дохилиДонишкадавӣ иштирок намуда, асарҳои худро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, дар толори Донишкада намоиши асарҳои эҷодии Исуф Сангов таҳти унвони “Роҳи паймуда”, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Анваршо Сайфудинов бо номи “Нигоҳи пурасроре ба гетӣ”, намоиши асарҳои рассомони тоҷик таҳти унвони “Боз дар фазои Иттифоқ” баргузор гардид, ки дар ин намоиш рассомон-омӯзгорони Донишкада Одиназода Б. Э., Суюнов Э., Забиров Б., Рузибоев Р., Миршакаров А., Камолзода О. иштирок намуданд. Ба ғайр аз ин, дар Донишкада намоиши асарҳои эҷодии омӯзгорон ва намоиши мӯд зери унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” гузаронида шуданд”, – зикр шуд дар нишасти хабарӣ.
Дар мавриди равобити хориҷии муассиса иброз гардид, ки Раёсати Донишкада рушди ҳаматарафаи ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотии хориҷиро аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти худ медонад. Ҳоло Донишкада бо 19 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва зиёда аз 50 ташкилотҳои дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷойи кор равобити ҳамкорӣ дорад.
“Дар соли сипаришуда шумораи донишҷӯёни хориҷи ба 10 нафар мерасид, ки онҳо шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Афғонистон мебошанд. Аксарияти онҳо дар хобгоҳи Донишкада зиндагӣ мекунанд ва раёсати Доиишкада ба онҳо беҳтарин шароитҳои таҳсилро муҳайё намудааст”, – гуфт ректор.
Гуфта шуд, ки Раёсат, ҳайати омӯзгорону профессорон ва кормандони Донишкада дар оянда низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, ки дар Паёми навбатиашон ироа намуданд, қарору протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон, амру фармоиш ва қарорҳои Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн тамоми тадбирҳои судманд меандешад.
Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма роҷеъ ба тамоми паҳлӯҳои фаъолияти муассиса саволгузорӣ намуда, аз ҷониби ректор, муовинон ва мудирони шуъбаҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.