Wednesday, May 14, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Намоишҳо

ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАМОИШИ ТАНТАНАВИИ АСАРҲОИ РАССОМИ ҶАВОН НАВРӮЗ САИДОВ БАРГУЗОР ГАРДИД

17.11.2024
467025616_1773109666827491_6356274104892634347_n467025616_1773109666827491_6356274104892634347_n
467309230_1773109733494151_4860963220502036859_n467309230_1773109733494151_4860963220502036859_n
467185081_1773111516827306_1266406060259207225_n467185081_1773111516827306_1266406060259207225_n
467444855_1773110486827409_6932045330098803775_n467444855_1773110486827409_6932045330098803775_n
467341529_1773110643494060_1695453185155852943_n467341529_1773110643494060_1695453185155852943_n
467346237_1773112120160579_829244558582222273_n467346237_1773112120160579_829244558582222273_n
Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат намоиши расмҳои рассоми ҷавон таҳти унвони “Ҷеҳраҳои ошно” дар фазои идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Муҳиддин Пайшамбезода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Назариён Обид Одилзода, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, меҳмонон, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар толори намоишии Донишкада намоиши асарҳои чеҳраҳои маъруфи сиёсат ва адабу фарҳанги кишвар доир шуд. Дар намоишгоҳ асарҳои рассоми ҷавон Наврӯз Саидов ва устодонаш манзури алоқамандони соҳа гардонида шуданд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ Ректори Донишкада профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат суханронӣ карда, қайд намуд, ки имрӯз дар кишварамон дар пайи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди санъати тасвирӣ ва муаррифии рассомони ҷавону боистеъдод тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, дар як қатор муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои бачагонаи санъат, коллеҷу литсейҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо мутахассисони соҳаи мазкур омода карда мешаванд.
“Дар ин миён, саҳми Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамчун зодаи замони соҳибистиқлолӣ ва натиҷаи сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу густариши анъанаҳои неки фарҳангии халқи тоҷик ва тайёр кардани мутахассисони соҳа назаррас аст. Ҳамасола ин муассисаи олии касбиро садҳо ҷавони соҳибистеъдод хатм намуда, ба фаъолияти эҷодиву фарҳангӣ машғул мешаванд, ки Наврӯз Саидов аз зумраи онҳост”, – гуфт ректор.
Сипас, Муҳиддин Пайшамбезода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, суханронӣ карда, таъкид дошт, ки дар Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як вазъияти душвор ва мураккаб доир шуд, маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ва дарки масъулияти баланд рисолати ҳаётан муҳим, яъне раҳо кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи нестӣ ва таъмини сулҳу осоишро ба дӯши худ гирифтанд ва аз ҳамон вақт сар карда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи мусбат комилан дигаргун гашт.
“Миллати мо рӯзҳои сангинро паси сар кард ва аз онҳо барои ояндаи худ таҷрибаи арзишманд бардошт, ба гирдоби офату сахтиҳо гирифтор шуд, вале бо тадбиру хирадмандиву дурандешии Пешвои маҳбуби худ аз миёни амвоҷи пурталотуми ҳаводис солим берун омад. Инак, Тоҷикистон ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил ёфта, бо азму иродаи матин ба сӯйи ояндаи шукуфон роҳ мепаймояд”, – гуфт номбурда.
Назариён Обид Одилзода, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат суханронӣ карда, таъкид намуд, ки сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан, ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт.
Қайд гардид, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ зери сиёсати созандаи Пешвои миллат ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили «Наврӯз», «Меҳргон», «Сада», «Шашмақом», «Фалак», атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Инчунин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ Нилуфар Каримзода суханонӣ намуда, зикр дошт. ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.
Нилуфар Каримзода гуфт, аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии ҳизбӣ ҷамъбаст гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” ҳамчун “Ташкилоти беҳтарин” эътироф гардид. Ба ин муносибат ба раиси ташкилот Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Сипас, Наврӯз Саидов, рассоми ҷавон ва устоди Донишкада дар мавриди дастгирии қишри ҷавони мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат суханронӣ намуда, гуфт, имрӯз таваҷҷуҳи асосии Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани маърифати ҷавонон мебошад, зеро маҳз бо ин роҳ ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва равандҳои глобалии ҷаҳони муосир зиёдтар огоҳӣ пайдо менамоянд. Дар баробари ин, бо мақсади тарғибу ташвиқи баланд бардоштани маърифати илмии ҷавонон бо ташабус ва сарпарастии Пешвои миллат дар кишварамон ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман» баргузор мегарданд, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҷавонон ширкат меварзанд.
“Мо ҷавонони даврони Истиқлол бо сарварии Пешвои миллатамон бо такя ба таърих, забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва маданияти миллӣ барои ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон, ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини зиндагии арзандаи халқ ва ҳифзи манфиатҳои миллиамон тамоми кӯшишҳоро намуда истодаем”, – гуфт бо ифтихор Наврӯз Саидов.
Бояд гуфт, ки намоиши асарҳои рассоми ҷавон Наврӯз Саидов ва дигар устодон таҳти унвони “Чеҳраҳои ошно” то 1 декабри соли 2024 дар толори намоишии Донишкада идома меёбад.
Ба қафо

Маҳфили илмӣ-назариявии шоҳномахонӣ бо номи “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ”

Ба пеш

Табрикоти ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ба пеш
Ид муборак, Модарони азиз!

Табрикоти ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон