8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси бахши робитаҳои байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии саноатӣ- технологӣ ва дизайни шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия дарси маҳорат оид ба равияи рассомӣ тариқи онлайн – конференсия баргузор гардид.
Дарси маҳорат аз ҷониби рассом, директори Пажуҳишгоҳи дизайни Донишгоҳи давлатии саноатӣ- технологӣ ва дизайни Санкт Петербург Гмаюнов Петр Петрович гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Бахши робитаҳои байналмилалии донишкада тасмим гирифтааст, ки минбаъд чунин дарсҳои маҳоратро бештар роҳандозӣ намояд.