Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Комиссияи қабул ба зинаи магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) таҳти роҳбарии ректори муассиса Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло даври якуми сӯҳбату имтиҳонҳо баргузор карда шуд.
Дар кори Комиссия ректор, сардори шуъбаи таълим Пиров Тошмаҳмад, сардори бахши магистратура, аспирантура ва докторантура Ҳаитов Фирӯз, декани факултети дизайн Холов Мизроб, мудирони кафедраҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ибтидои кори комиссия ректори донишкада Сироҷиддин Ҷурахонзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии муассиса ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар Донишкада нақши муҳимро зинаҳои магистратура ва докторантура мебозад. Аз ин рӯ, дар муассиса барои таҳсил дар зинаи мазкур тамоми шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.
Зикр гардид, ки имрӯз дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантура барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва эҷодии магистрантон беҳтарин мутахассисони варзида ва саршиноси соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, аз қабили рассомони халқии Тоҷикистон, арбобони ҳунари Тоҷикистон, докторони илм, профессорон, номзадони илм, дотсентон ва муаллимони калон ҷалб гардида, дар тарбия, роҳбаладӣ ва роҳнамоӣ кардани магистрантон дар самти илму эҷод саҳми шоёни худро гузошта истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки бо фармоиши ректори Донишкада аз 14 августи соли 2025 Комиссияи имтиҳонотӣ ва апеллатсионӣ дар зинаи магистратура ва докторантура дар ҳайати мутахассисони варзидаи соҳа ба тасвиб расида, ҷадвали баргузории сӯҳбату имтиҳони қабул дар зинаҳои мазкур тасдиқ гардида буд.
Қайд гардид, дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати қабул дар зинаи магистратура ва докторантура то санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ тамдид карда шуд.