Рӯзи 07.12.2019 соати 1300 дақиқа дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикитсон маҷлиси умумии ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён бо иштироки меҳмонон, аз ҷумла Бобизода Ғуломқодир – намоянда аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабзода Боймаҳмад – сардори шуъбаи хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Диноршо Азиз – намоянда аз комиссияи интихоботӣ ва райпурсӣ, Мирзозода Иброҳим – сардори раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Маҷлиси мазкур бо сурудани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардида, дар аввал ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода меҳмононро муаррифӣ ва дар бораи мақсади маҷлис сухан карданд. Сипас меҳмонон пай дар пай дар масоили корҳои бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи давлату давлатдорӣ, илм, маориф, ҷавонон ва мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва коррупсия баромад намуданд. Инчунин ба диққати ҳозирин расонида шуд, ки дар моҳи марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳру ноҳия баргузор мегардад. Дар ин раванд ба ҳозирин дар бораи падидаи интихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуд ва давраҳои баргузории он ахборот дода шуд.