Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрии ректори муассиса, номзади илмҳои меъморӣ Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло бо роҳбари намояндагии Маркази илмию фарҳангии Россия – «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Патрушев Андрей Валеревич баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ ректори муассиса Сироҷиддин Ҷурахонзода меҳмони олиимақомро ба Донишкада хайрамақдам гуфта, робитаҳои самарабахши чандсолаҳоро миёни муассиса ва Маркази илмию фарҳангии Россия дар шаҳри Душанберо муҳим арзёбӣ кард.
Гуфта шуд, ки санъат, фарҳанг ва меъморӣ аз ҷумлаи соҳаҳое мебошанд, ки бештар аз ҳама ба мубодилаи таҷриба, равандҳои эҷодӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ниёз доранд.
«Донишкадаи мо ҳамчун маркази тайёр кардани мутахассисони эҷодӣ ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ бо шарикони хориҷӣ таваҷҷуҳи беандоза дорад. Мо омодаем, ки дар ҳамкорӣ бо «Россотрудничество» тарҳҳои мушаххасро амалӣ кунем, зеро ин ҳамкорӣ барои омӯзгорону донишҷӯёни мо муфид аст», – гуфт ректор.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо як қатор пешниҳодҳои мушаххасро матраҳ намуданд, аз ҷумла таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, махсусан баргузории курсҳои такмили ихтисос бо иштироки омӯзгорони Русия, ташкил намудани тренингҳо оид ба технологияҳои муосири дизайн, санъати тасвирӣ ва моделсозии 3D, ҷалби мутахассисон барои гузаронидани дарсҳои маҳорат (мастер-класс) дар муассиса, ташкили намоишгоҳҳои эҷодии рассомон ва донишҷӯён дар намоишогоҳҳои Донишкада ва «Россотрудничество», эҷоди платформаҳои муштарак ҷиҳати табодули таҷрибави донишҷӯёну омӯзгорон, ҷудо намудани квотаву бурсияҳои таълимӣ барои доиншҷӯёни муассиса, баргузории форуму намоишгоҳҳои эҷодӣ бо иштироки донишҷӯёни ду кишвар ва ғайраҳо.
Патрушев Андрей Валеревич аз сатҳи пазироӣ ва пешниҳодҳои Донишкада изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки намояндагии Маркази илмию фарҳангии Россия – «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар, махсусан дар самти санъатро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ медонад.
«Мо омодаем бо Донишкада дар ташкили барномаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кунем. Ҳадафи мо дар он аст, ки фазои ягонаи фарҳангӣ ва таълимӣ байни ҷавонони ду кишвар бештар рушд ёбад», – гуфт Патрушев.
Баъди мулоқот меҳмонон бо имкониятҳои устохонаҳои эҷодӣ, галереяи Донишкада, синфхонаҳои тахассусии ихтисосҳои рассомӣ, дизайн, графика ва раванди таълим шинос шуда, ба сатҳу сифати таълим, истеъдоди донишҷӯён ва имкониятҳои эҷодии Донишкада баҳои баланд доданд.
Мулоқот дар фазои созанда, дӯстӣ ва эҳтироми тарафайн сурат гирифт, оғози марҳилаи нави ҳамкории муассир миёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва намояндагии Маркази илмию фарҳангии Россия – «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
