Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Хабарҳо

ВОХӮРИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА БО АРБОБИ ҲУНАРИ ТОҶИКИСТОН АКМАЛ МИРШАКАР БАРГУЗОР ГАРДИД

18.02.2025
476643210_1842441109863044_746491247625750150_n476643210_1842441109863044_746491247625750150_n
476840438_1842441333196355_7211156457511579985_n476840438_1842441333196355_7211156457511579985_n
477013706_1842441006529721_600761379195776281_n477013706_1842441006529721_600761379195776281_n

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон тибқи нақшаи муштараки шуъбаи кор бо ҷавонон ва шуъбаи илм, робитаҳои эҷодӣ ва инноватсия дар толори Шӯрои олимон дар доираи маҳфили “Устод-шогирд” вохурии рассоми шинохта, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Акмал Миршакар бо донишҷӯён баргузор гардид

Вохӯриро сардори Шуъбаи кор бо ҷавонон Наврӯз Саидов ифтитоҳ намуда, дар мавриди рушди санъати тасвирӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ суханронӣ кард. Ба зикри ӯ, санъати тасвирӣ яке аз намудҳои ҳунарҳои қадимӣ мебошад, ки ҳанӯз бо ин кор одамони ибтидоӣ машғул буданду таассуроти худро дар девори ғорҳои калон, харсангҳо, иморатҳо, ибодатгоҳҳо қасрҳо, тасвир менамуданд.

“Санъати рассомӣ, қобилияти баланди зеҳнӣ, мушоҳидакорӣ ва завқи эстетикиро талаб менамояд. Ин гуна фаъолияти эҷодӣ имконияти ҳарчи бештар дарк кардани зебоӣ ва ҳаводиси зиндагиро фароҳам оварда, дар баланд рафтани завқи бадеии инсон ва шакл гирифтани шахсияташ аҳамияти калон дорад”, – гуфт мавсуф.

Баъдан, мудири кафедраи санъатшиносӣ Бика Ёгиӣекова оид ба фаъолияти эҷодии Акмал Миршакар баромад намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо даҳҳо рассомонро номбар кардан мумкин аст, ки босамар фаъолият мекунанд ва яке аз арбобони ин соҳа Акмал Миршакар, писари шоири маҳбуби тоҷик Мирсаид Миршакар мебошад, ки дар тӯли беш аз 40 соли собиқаи корӣ ба шогирдони бешумор нозукиҳои санъати рассомиро омӯхта, дар баробари омӯзгор будан, инчунин ҳамчун рассоми касбӣ фаъолият карда, дар суратҳои кашидааш манзараҳои зебои кишвари азизамонро бо маҳорати баланд тасвир кардааст.

“Ҳангоми шинос шудан ба фаъолияти ин рассоми маъруф шумо огоҳӣ пайдо мекунед, ки мазмуни асарҳои устод аз лиҳози композитсионӣ ифодакунандаи эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва табиати он мебошад. Рассом тавонист дар ҳамин замина худшиносии миллиро ривоҷ диҳад ва ба оламиён муаррифӣ намояд, ки тоҷикон мардумони ҳунарманд, донишманд ва фарҳангӣ ҳастанд, зеро намоишҳои эҷодии устод дар чандин кишварҳои олам баргузор шудаву маҳсули зеҳниашон дар бузургтарин шаҳрҳои дунё намоиш дода шудаанд”, – гуфт Бика Ёғибекова.

Дар идомаи вохӯрӣ Акмал Миршакар оид ба нозукиҳои санъати тасвирӣ ва фаъолияти пурсамари худ ба донишҷӯён суҳбати озод кард ва ба саволҳояшон посух дод. Ӯ гуфт, омилҳое мавҷуданд, ки ба инсон таъсир мерасонанд, зеҳнро тасхир месозанд, ба торҳои эҳсос нохун мезананд ва он гоҳ дигар чизеро дар атроф намебинӣ, ба ҷуз он ҳолате, ки саропо туро асири худ кардааст. Оҳанги рӯҳи худро хеле гуворо мешунавӣ, ки оромиятро барҳам мезанад ва он гоҳ тамоми қафасҳои гирифториро дур меафканӣ ва меравӣ ба олами зебои рӯъёи хештан. Хуш ба ҳоли оне, ки ин лаҳзаро дарёбад ва ба баёни ҳолати рӯҳонӣ ва кайҳонии худ пардозад. Ҳолати эҷодии рассом маҳз чунин лаҳзаҳоро мунтазир мешавад, зеро он манбаи илҳоми ҳар як эҷодкор аст.

“Тахаллуси Миршакар аз хурдӣ маро ба кори бисёре водор мекард. Зеро ин масъулияти бузург ва таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба шахсияти ман ва насаби хонаводагии мо буд, хусусан дар замони кӯдак буданамон. Бинобар ин, аъло мехондаму мактабро бо баҳои хубу аъло хатм кардам ва баъдтар ба Донишкадаи давлатии академии рассомии Маскав ба номи В. И. Сурикова дохил шуда, он ҷоро бомуваффақият хатм кардам ва хушбахтам, ки чандин сол боз ба кори дӯстдоштаам машғул шуда, кӯшиш мекунам, ки масъулияти касб ва насаби Миршакарро бошарафона ба ҷо орам”, – гуфт Акмал Миршакар.

Ӯ гуфт, касби рассомӣ аз падар барояш мерос мондааст ва ҳоло аз рассом ба фарзандонаш, бахусус ба писараш Мирсаид Миршакар, ки ҳамноми бобояш аст.

Дар охири чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Абдуғаффор Мирзозода суханронӣ намуда, нақши устод Акмал Миршакарро дар рушду ташаккули фарҳанги миллати тоҷик, махсусан санъати тасвирӣ боризт арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки дар оянда чунин вохӯриҳо бо дигар арбобони санъат низ баргузор мегардад, зеро маҳз тариқи мактаби “Устод-шогирд” ва воқиф шудани рассомони ҷавон аз рӯзгори арбобони ҳунар метавон онҳоро ба роҳи санъат дуруст роҳнамоӣ кард.

Ба қафо

ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ба пеш

Нигоҳи иҷмолие ба коррупсия, фаҳми он ва мубориза бар зидди ин падида

Ба пеш
Нигоҳи иҷмолие ба коррупсия, фаҳми он ва мубориза бар зидди ин падида

Нигоҳи иҷмолие ба коррупсия, фаҳми он ва мубориза бар зидди ин падида

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон