Семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон- муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ н.и.т., дотсент Одиназода Б.Э. бо кормандон ва масъулони шуъба, бахшҳои фарҳанг ва маорифи шаҳру ноҳияҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷихати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумхуриявии “ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” гузаронида шуд.
Гурӯҳи кориро таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Давлатзода Зулфия Давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва шиносоӣ аз муассисаҳои фарҳанги вилоят- муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон- н.и.т., дотсент Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Хотирнишон намудан ба мавридаст, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 №АП-329 дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» дар соли 2023 ба тасвиб расида, ба Низомномаи он тағйирот ворид гардид.
Ин тағйирот — ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур мебошад, ки хушбахтона имсол омӯзгорон ва донишҷӯён Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар он иштирок карда метавонанд.
Дар ин замина барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ камари ҳиммат баста, барои ҷалби бештари довталабон саъю талош менамоянд.