Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз гузашта то инҷониб ҳаммарзу ҳамсарҳад мебошанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, тамаддун ва расму ойини ин халқҳо хеле ба ҳам наздиканд.
Қирғизҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷистон дар ноҳияҳои Лахш (собиқ Ҷиргатол) ва Мурғоби Вилояти Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ ме кунанд, бо урфу одати тоҷикон рафтор менамоянд.
Муносибатҳои дӯстонаи ин халқҳо солҳо боз идома дошт. Халқҳои қирғизу тоҷик бо доду гирифт бо ҳам қарину наздик гаштанд. Сокинони қирғизтабори ин ноҳияҳо ба забони тоҷикӣ дар сатҳи хеле хуб сухан меронанд ва нисбати забони тоҷикӣ эҳтироми хоса доранд.Мавриди зикр аст, ки сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз қаторкӯҳҳои паси Олой оғоз гардида, тавассути қаторкӯҳҳои Олой, Зарафшон,Туркистон ва сипас то водии Фарғона дар пайвастагии сарҳадҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон давом мекунад.
Дарозии сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон тақрибан 987 км буда, қаламравҳои баҳсӣ зиёдтар аз 400 км-ро ташкил медиҳад ва ин масофа аломатгузорӣ карда нашудааст. Аз ин рӯ, сокинони сарҳадии ҳарду давлат аз сабаби дастрасӣ ба об, чарогоҳҳо ва роҳҳо ба мушкилот дучор меоянд ва борҳо ҷангу низо рух дод. Ба гуфтаи коршиносон сабаби дигари сарзадани низо дар ин қитъаи муайянношудаи марз як кони канданиҳои фоиданок низ мавҷуд ҳаст. Сабаби дигари якравии бародарони қирғиз ва мушкил эҷод кардани онҳо ин аз доираи харитаи тасдиқшудаи солҳои 1924-1927 ва 1932 берун баромадани қирғизҳо мебошад. Ягона санаде, ки барои тақсими марз вуҷуд дорад, натанҳо бо Қирғизистон балки бо Узбекистон ҳам ин харитаи қонунан эътирофшудаи тақсимоти марзиву маъмурии Осиёи Миёна аз соли 1924-1927 ва соли 1932 аст.
Ба ҷуз ин, дигар санади қонунӣ аз нигоҳи конститутсияи СССР ва конститутсияи Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Аммо қирғизҳо ин харитаро эътироф намекунанд, мегӯянд, ки дигар Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Онҳо аз рӯи як харитаи комилан ғайриқонуние, ки худашон сохтаанду парлумонашон тасдиқ кардааст, амал карда истодаанд.
Барои Тоҷикистон харитаи худсохти Қирғизистон қобили қаблу нест ва аз ин рӯ, раванди муайян ва аломатгузории марзи ду кишвар тӯл кашида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Қирғизистон то 15-уми апрели соли 1927 ҳамчун вилояти мухтор ва то 5-уми декабри соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ба таркиби Федератсияи Руссия дохил мешуд. Бинобар ин, ҳангоми гирифтани мақоми ҷумҳурии иттиҳодӣ (соли 1936) ин ҷумҳурӣ дар ҳамон сарҳадҳои тасдиқгаштаи солҳои 1924-1927 ва соли 1932 ташкил шудааст.
Низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод). Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.
Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрели соли 2021 ва санаи 14 -ум ва 16-уми сентябри соли 2022 ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф чандин нафарон кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ гунаҳкор ва тафтиши қазияро аз ду ҷониб оғоз карданд.
Мувофиқи Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз соли 2004 дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 5 гузаргоҳи сарҳадӣ амал менамоянд. Аз он ҷумла, “Гулистон” дар ноҳияи Исфара, “Маданият” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Овчӣ-Қалъача” дар ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд, “Қизил-Арт” дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва “Қарамиқ” дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатол).
Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар даврони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати як давлати бузург қарор доштанд ва ин ду кишварро сарҳадҳои маъмурӣ ҷудо менамуданд. Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, зарурати муайян намудани хати сарҳади давлатӣ (делимитатсия) бо ин кишвар ба вуҷуд омад. Бо ин мақсад, соли 2000 аз ҷониби ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташкил гардид.
Музокироти дуҷониба вобаста ба делимитатсияи сарҳади давлатии ду кишвар аз соли 2002 оғоз гардида, дар давраи охири соли 2013 зиёда аз 500 км хати сарҳади давлатӣ делимитатсия карда шудааст.
Вохӯриҳои комиссияи байниҳукуматии номбурда бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар ва коршиносони соҳавӣ соле 3-4 маротиба баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ муҳокима мегарданд. Вале бо сабабҳои гуногун то ҳол ба мувофиқа наомадаанд.
Аслан низоъ бо сабабҳои гуногун аз ҷумла, бар сари нуқтаи тақсимоти об дар болооби дарёи Исфара дар наздикии деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон, чарогоҳ, роҳи байни маҳаллаҳо ва дигар омилҳо оғоз ёфт. Дар фасли баҳор ва тобистон, вақте ки корҳои кишоварзӣ оғоз мешавад, истеъмоли об даҳҳо маротиба зиёд мешавад ва муноқишаҳо байни шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон авҷ мегиранд.
Моҳи апрели соли 2021, намояндагони ҷониби Тоҷикистон кӯшиш карданд, ки дар сутуни интиқоли барқ дар гирду атрофи он дурбинҳои назоратӣ насб кунанд то обро назорат кунанд. Намояндагони ҷониби Қирғизистон ба хашм омаданд ва 28 апрел марзбонон ва полиси Қирғизистон ба вайрон кардани сутунҳо шурӯъ карданд. Пас аз ин, сокинони Тоҷикистону Қирғизистон ба сӯи ҳамдигар санг партофтанро оғоз карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми шарафманди он ҳамеша барои ҳимояи марзу буми Ватани азизаш омода аст ва хоки онро муқаддас мешуморад. Ҳаргиз як ваҷаб заминашро намедиҳад ва нахоҳа дод.
Мақолаи нашр кардаи Абдуллоҳи Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ оид ба: “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷовузкор нест” дар сатҳи хуб ва бо факту рақамҳои тасдиқкунанда таҳлил ёфта, ҳақиқати бебаҳсро инъикос намудааст.
Субҳон Усмонов, устоди Донишкадаи давлатии
санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон