Дари донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2013 бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои толибилмон кушода шуд. Роҳбарии донишкадаро номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бар уҳда дорад. Ӯ ҳамчун роҳбар рассом, меъмор ва дизайнер дар соҳаи худ хеле серталаб ва маъсулиятнок аст. Сараввал донишкада аз 3 кафедра имрӯз бошад аз 7 кафедра ва се факутет иборат аст. Дар муддати шаш сол дар донишкада тағйироти назаррас ба амал омад. Устодони донишкада рассомони шинохта ва бомаҳорат шогирдони бисёреро тарбия намуданд.Кас аз тамошои кори дипломии онҳо ба ваҷд меояд. Зеро дар муддати кутоҳ ҳам бошад аз ҳунари ниёгони худ бохабар шуда, дар оянда боз онро такмил медиҳанд, то насли наврас санъати ниёгон баҳравар шаванд.
Дар кафедраи санъати ороишӣ амалӣ ва монументалӣ ҳунарҳои мардумӣ омӯхта, аз фанҳои наққошӣ, кандакорӣ, заргарӣ дарс меомӯзанд.
Рассом Абдураҳмон Назирматов, ки мудири кафедраро ба уҳда дорад, мегӯяд, ки ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душвворие доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам касон ёфт мешаванд, ки душвориҳоро паси сар намоянду ҳунаре омӯзанд. Омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ соҳибтаҷриба ва бообрӯ мегардонад. Тавре бузургон мегӯянд. ” Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст”. Муаллими бо ҳунари волои заргариаш соҳибэҳтиром гашта, ҳаводорони зиёд пайдо кардааст. Баҳри шогирдонаш ҳамеша пайи омӯзиш аст ва мекӯшад чизеро омӯзад, ки боии ҳунари намунавӣ гардад.Дар натиҷаи меҳнати пуртоқат ба касе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсандии худаш ва ҳам манъбаи омӯзиш бошад. Ҳунарҳои волои ҳунармандони асилро дида, бешубҳа онҳоро баркамол ва устодҳои чирадаст ном мегирем, зеро ин унвонро бо меҳнату заҳмати зиёд ба даст овардаанд.
Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.
Абдураҳмон Назирматов дастпарвари Омӯзишгоҳи касбӣ- техникии расомии шаҳри Павловои вилояти Нижний Новгород ( Россия)соли 1989 ва донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ буда. Ихтисоси заргариро соли 2003 дар Донишгоҳи геммологии Амрико, дар курсҳои ихтисоси баҳогузории маснуотҳои заргарӣ ва дигар ашёҳои рузгор такмил додааст. Баъди хатми омӯзишгоҳ солҳои 1989-2000 дар Хазинаи рассомони Тоҷикистон заргар- гравюр шуда кор кардааст. Ҳамзамон, фурсат пайда карда, ба шогирдони шуъбаи заргарии коллеҷи рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе нозукиҳои касбро омӯхтааст.
Соли 2017 барои кори минбаъда ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон омада, то инҷониб мудири кафедраи санъати ороишӣ амалӣ ва монументалӣ мебошад.
Фаъолияти ӯ чун рассом- заргар- санъати заргарӣ, яъне коркард ва баҳогузории маснуотҳои заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои нодирро дар бар мегирад. Акнун фурсате фаро расидааст, ки нозукиҳои ин ҳунари нодир ва аҷдодиро ба шогирдон омӯзонад.
Хушбахтона, роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирии Тоҷикистон ба ҳунарҳои фаромӯшшудаи халқӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021” Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Аз ин рӯ, роҳбарият ва ҳайати устодон ва омӯзгорони донишкада баҳри он мекушанд, ки ҳунарҳои фаромӯшшудаи мардумиро эҳё карда, аз диди имрӯза боз ҳам такмил диҳанд. Дар ин ҷода маъсулияти асосӣ бар уҳдаи мудири кафедраи санъати ороишӣ амалӣ ва монументалӣ вогузор мегардад.
Рассом заргар Абдураҳмон Назирматов таҷрибаи бойи кории зиндагӣ ғун кардааст. Ӯ иштирокчии Фестиали байналхалқии “ Дизайн-2008 “дар шаҳри Душанбе буда, соҳиби Гран при дар номинатсияи “ Маснуотҳои заргарии муосир ва анъанавӣ” гардидаст.
Ҳамчунин дар ин муддат А. Назирматов соли 2006 бо дастранҷҳои эҷодкардааш дар Намоиши санъати муосир “ Паралел” дар шаҳри Душанбе иштирок карда, сазовари Диплом шуд.
Солҳои 2014 ва 2015 барои Абдураҳмон Назирматов хеле бобарор омаданд. Зеро ӯ бо маҳсулоти тайёрнамудаи заргариаш дар намоишҳои ҳунармандӣ ” Оймо”( Қирғисистон) ва “ Подарки” ( Россия) фаъолона иштирок карда соҳиби ду Дипломи фахрӣ гашт. Бояд гуфт, ки сафарҳои корӣ ва ҳунарӣ ба эҷодиёти ӯ бетаъсир намондаанд. Бахусус, иштирок дар фестивали байналмилалӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ( 2013) дар эҷодиёташ такони нав бахшид. Мекушад, ки дар баробари эҷодӣ маҳсулоти нави заргарӣ бо сангҳои қиматбаҳо бо усули нав, ки аз сафарҳо ба даст омадаанд, шогирдонро низ ба навҷӯйӣ тайёр кунад.
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон А, Назирматов бо дастранҷи худаш метавонад дигаронро шефта гардонад, ба фикр водор созад, ки чӣ тавр ӯ тавонистааст асари олӣ ва баландғоя офарида, дигаронро ба ҳайрат гузорад. Мекӯшад, ки шогирдонашро ҳар лаҳзаву ҳар соат омӯзонад, то ҳунарашонро сайқал диҳанд.
Хулоса, ҳунар ганҷинаи пурқимат ва ҳунарманд заргар бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳонии худро дорад. Дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд.
Назирматов на танҳо ҳунарманди алаккай шинохта, балки омӯзгори ботаҷриба аст, ки бисёр шогирдонаш имрӯз дар соҳаи заргарӣ кору фаъолият доранд. Дастранҷи ороишот ва заргарии шогирдонаш дар донишкада яке аз дигаре беҳтару хубтар аст. Шогирдонаш тавонистаанд, ки дар коркади ашё аз усулҳои классикӣ ва замонавӣ истифода ва омезиш намуда, аз сангҳои ранги баландмувофиқи физиллот ба бинанда ашё, сандуқча, зиреҳ ва дигар ороишоти заргариро, ки ба талаботи замона ҷавобгӯ аст, ба намоиш гузоранд. Аз ин бармеояд, ки донишҷӯён аз санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ, графика ва рангкашӣ ба хубӣ баромадаанд.
14 майи соли 2019 вакилони Маҷлиси намояндагони МОҶТ ҚЧТ” Дар бораи ҳунармандӣ” қабул карданд. Қабули қонуни нав дар назди Абдураҳмон Назирматов барин омӯзгорони эҷодкор масъулияти бештаре мегузорад. Зеро дар Моддаи 5.Самтҳои ҳунармандӣ омадааст.
Самтҳои ҳунарманди инҳоянд:
- Кандакорӣ ва дуредгарӣ дар чӯб;
- Коркарди метал, қоғаз;
- Дузандагӣ;
- Наққошӣ, рассомӣ;
- Ҳайкалтарлшӣ;
- Шишакорӣ;
- Заргарӣ;
- Бофандагӣ,ресандагӣ;
- Эҳёгарӣ ( рестовратсия);
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳмон Назирматов алҳол кӯшиш дорад, ки бо дастгирии ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода ва шогирдонаш ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон армуғони зебои ҷашнӣ омода созанд ва ба ин васила саҳми хешро дар таҷлили ҷашн гузоранд. Дар ин роҳи наҷиб ба ӯ барор мехоҳем.
Бика Ёғибекова
Фарҳангшинос