Дар асоси нақша чорабиниҳои шуъбаи илм инноватсияи таърихи 06-уми феврали соли 2025 дар қироатхонаи китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати ҷашни “Сада” чорабинӣ доир гашт. Муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ н.и.п., дотсент Мирзозода Абдуғаффор чорабиниро ифтитоҳ намуда, таҷлили ин ҷашни муқаддасро, табрик гуфт: “Ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад”.
Дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Акобиров Сайнуриддин дар мавзӯи “Сада – ҷашни анҷоми чиллаи калон”, Мудири китобхона Одинабеков Умед дар мавзӯи “Оташ дар боварҳо ва маросими тоҷикон” маъруза карданд.
Донишҷӯён Умаров Муҳаммад (ихтисоси дизайни график), Мародбеков Симбод (ихтисоси Санъатшинос), Ҳамроев Шаҳзод (ихтисоси дизайни мебел), Ассозода Мансур (ихтисоси Санъатшинос) бо маърӯза ва қироати шеър баромад карданд.