Friday, January 9, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

БАХШИДА БА 55-СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТИ УСМOНОВ СУБҲОН ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН МАҲФИЛ БАРГУЗОР ГАРДИД

07.01.2026

6 январи соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-фарҳангии назди Раёсати Донишкада таҳти унвони «Саҳми номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Усмонов Субҳон дар рушди таълиму тарбияи ҷавонон» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ба муносибати 55-солагии фаъолияти пурсамар ва бисёрсолаи омӯзгорӣ, илмӣ ва маърифатии мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Усмонов Субҳон доир шуда, ба арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи ӯ дар соҳаи маорифу илм бахшида шуд.

Дар маҳфил роҳбарияти Донишкада, ҳайати омӯзгорону кормандон ва як қатор меҳмонони воломақом иштирок намуданд. Аз ҷумла, ҳузури Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ба чорабинӣ ҳусни вижа бахшида, фазои илмӣ-адабии маҳфилро боз ҳам ғанӣ гардонд.

Маҳфилро ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номзади илмҳои меъморӣ Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аз фаъолияти бисёрҷанбаи устод Усмонов Субҳон ёдовар шуд.

Ректор таъкид намуд, ки устод Усмонов тӯли беш аз панҷ даҳсола ҳамчун омӯзгори содиқ, муҳаққиқи фаъол ва шахсияти масъули соҳаи маориф дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии насли ҷавон саҳми арзанда гузоштааст.

Дар идома Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло иброз дошт, ки бо назардошти хизматҳои бисёрсолаи илмӣ ва саҳми назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон, аз ҷониби Раёсати Донишкада ба Усмонов Субҳон унвони профессорӣ дода шуда, пешниҳоди мазкур барои баррасӣ ва тасдиқ ба Шӯрои олимони Донишкада ирсол мегардад. Ин иқдом нишонаи эътирофи заҳматҳои пайвастаи устод дар самти рушди илми педагогика ва фанҳои гуманитарӣ арзёбӣ гардид.

Сипас, дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Сайнуриддин Акобиров зимни баромади худ доир ба самтҳои асосии пажӯҳишҳои илмии Усмонов Субҳон сухан гуфт. Ӯ таъкид кард, ки корҳои илмии устод бештар ба масъалаҳои таълим, тарбия, методикаи омӯзиши фанҳои гуманитарӣ, зарфиятҳои ҷуғрофиё сайёҳии мамлакат ва таҳкими робитаи илму фарҳанг равона шуда, дар муҳити илмӣ мақоми хос доранд.

Қайд гардид, ки устод аз соли 2015 инҷониб дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳайси мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ ва декани факултети дизайн фаъолият карда, айни ҳол ба ҳайси мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ кор карда истодааст. Ӯ дар давоми фаъолияти кориаш зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-оммавӣ, 7 дастури таълимӣ ва 4 монография ба табъ расонидааст. Фаъолияти илмӣ ва эҷодии Усмонов Субҳон намунаи ҷолиб ва омӯзандаву дастрас барои шогирдон ва ҳамкорон мебошад. Китобҳои ӯ, аз ҷумла «Ҳукми тақдир», «Тарбияи экологӣ» ва«Диёри Балҷувон» таҷрибаи илмӣ ва тарбиявиро инъикос карда, арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро низ муаррифӣ менамоянд.

“Фаъолияти бисёрсолаи устод, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва заҳматҳои пайвастаи ӯ дар соҳаи таълим, фарҳанг ва рушду пешрафти ҷомеа намунаи инсонгароӣ, хирадмандӣ ва пайравӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад. Саҳми устод дар таҳкими соҳаҳои фарҳангу маориф, тарбия ва рушду пешрафти ҷомеа беназир буда, шахсияти ӯ ҳамчун намунаи воқеии мардии қавлу амал барои шогирдон боиси ибрат аст”, – гуфт номбурда.

Дар идомаи маҳфил мудири кафедраи санъатшиносии Донишкада Бика Ёғибекова суханронӣ намуда, ба нақши Усмонов Субҳон дар муаррифии осори рассомон ва равандҳои санъати тасвирӣ тавассути мақолаҳои илмӣ ва таҳлилии ӯ ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқоти Усмонов Субҳон дар пайванди забон, фарҳанг ва санъат барои рушди тафаккури зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ аҳамияти вижа доранд.

“Субҳон Усмонов шахсияти барҷаста ва намунаи воқеии инсони комиле мебошад, ки ҳаёти пурғановат ва заҳмати пайвасташ намунаи ибтидои масъулиятшиносӣ, заҳматдӯстӣ ва пайравӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад” – гуфт Бика Ёғибекова.

Маҳфил бо суханронии Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад идома ёфт. Ӯ роҷеъ ба шахсият, симои маънавӣ ва ҷойгоҳи Усмонов Субҳон дар фазои илму адаб ва муҳити фарҳангии кишвар ибрози назар намуда, фаъолияти ӯро намунаи омӯзгори ҳақиқӣ ва зиёии асил арзёбӣ кард.

Бояд гуфт, ки Субҳон Усмонов зодаи ноҳияи Восеъ буда, дар айёми кӯдакӣ ва наврасӣ таълиму тарбияи ибтидоии худро дар муҳити анъанавӣ ва фарҳангии маҳаллӣ паси сар карда, аз ҳамон замон хислатҳои масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстиро аз худ намудааст. Пас аз хатми факултети педагогика ва географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва адои хизмати ҳарбӣ дар флоти ҳарбӣ-баҳрии шаҳри Владивастоки кишвари Приморэи Россия, устод фаъолияти меҳнатии худро аз мақоми омӯзгори мактаб оғоз намуд, ки ин ибтидои роҳ буд барояш. Баъдан, дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва директори мактаб-интернати ноҳияи Восеъ фаъолият намуд.

Зикр гардид, ки устод солҳои 2006-2009 унвонҷӯи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон буда, соли 2010 рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, сазовори унвони илмии номзади илҳои педагогӣ гардид. Ҳамзамон солҳои 2005-2011 дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии ба номи академик М. Осимӣ вазифаҳои муовини директор ва декани факултети «Энергетика ва телекоммуникатсия»-ро ба ӯҳда доштаанд. Соли 2011 директори Омӯзишгоҳи касбии техникии №9-и собиқ шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар) таъин гашт ва аз охири соли 2011 то соли 2014 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар вазифаҳои директори маркази туристӣ, сардори шуъбаи ташкилӣ ва дотсенти кафедраи туризм кору фаъолият намуд.

Ба зикри баромадкунандагон, фаъолияти пурғановати устод дар давоми беш аз панҷоҳ сол намунаи ибрат ва мактаби зинда барои шогирдон, ҳамкорон ва ҳамасолагон мебошад. Усмонов ҳамчун омӯзгор, роҳбар ва инсони наҷиб бо заҳмат, хирадмандӣ ва масъулиятшиносӣ шогирдони зиёдеро ба камол расонида, дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми беназир гузошта истодааст.

Дар қисмати фарҳангии маҳфил ҳайати Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бос урудани таронаҳои ватандӯстона хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Маҳфили мазкур дар фазои эҳтиром, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ баргузор гардида, бори дигар собит сохт, ки заҳмати содиқонаи омӯзгорону олимон дар рушди соҳаи маорифу фарҳанг ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат нақши калидӣ дорад.

Ба қафо

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН, НОМЗАДИ ИЛМҲОИ МЕЪМОРӢ, ҶУРАХОНЗОДА СИРОҶИДДИН ШАМСУЛЛО

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • БАХШИДА БА 55-СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТИ УСМOНОВ СУБҲОН ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН МАҲФИЛ БАРГУЗОР ГАРДИД 07.01.2026
  • ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН, НОМЗАДИ ИЛМҲОИ МЕЪМОРӢ, ҶУРАХОНЗОДА СИРОҶИДДИН ШАМСУЛЛО 31.12.2025
  • ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ДОНИШКАДА НАТИҶАГИРӢ ГАРДИД 27.12.2025
  • ПАЁМИ ОЯНДАСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 19.12.2025
  • ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ЗАРУРАТИ ТАҲКИМИ ОН ДАР ПАЁМ 18.12.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон