Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраҳои санъатшиносӣ ва санъати ороиши амалию монументалӣ конфронси илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Рушди санъат, дизайн ва ҳунарҳои мардумӣ дар замони истиқлолият” баргузор гардид.
Мудири кафедраи санъатшиносӣ, номзади илмҳои таърих Бика Ёғибекова кори конфронсро оғоз намуда, таъкид кард, ки чунин чорабиниҳо имконият медиҳанд, то таҷрибаи педагогӣ ва эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён барои рушди санъат ва ҳунарҳои мардумӣ ба таври васеъ мубодила шавад ва ҳамгироии анъана ва навгониҳо ба ҷомеа нишон дода шаванд.
Дар идома котиби Шӯрои олимони Донишкада ва ҳамзамон дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Саиднуриддин Акобиров маърӯзаи худро дар мавзӯи “Натюрморт бо гулҳо дар санъати тасвирӣ” ироа намуда, қайд кард, ки натюрморт на танҳо таҷассуми зебоӣ ва эҷодкорӣ, балки воситаи баёнгари анъана ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Сипас, конфронс дар ду бахш – санъатшиносӣ ва санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ идома ёфт. Аз 25 мақолаи пешниҳодгардида, 20 маърӯза ба иштирокчиён қироат карда шуд. Дар миёни онҳо сардори шуъбаи таълим Тошмуҳаммад Пиров дар мавзӯи “Махсусият ва анъанаҳои санъати ороишӣ-амалии профессори кафедраи санъатшиносӣ Одиназода Б. Э.”, дотсенти кафедраи санъатшиносӣ Мастона Қобилова роҷеъ ба “Анъанъа ва навгониҳо дар фарҳанги либоси миллии бонувони тоҷик”, дотсенти кафедраи санъатшиносӣ Силемоншо Ғуломшоев дар мавзӯи “Рушди фарҳанг ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар замони истиқлолият”, омӯзгори калони кафедраи санъатшиносӣ Салмаз Мустафаева роҷеъ ба “Объять необъятное (Мукимов Рустам Саматович)”, декани факултети дизайн Бибираҷаб Саидова дар мавзӯи “Санъати миллӣ амалии тоҷикон”, мудири кафедраи санъатшиносӣ Бика Ёғибекова роҷеъ ба “Ҳунарҳои мардумӣ дар осори Пешвои миллат”, сардори шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия Шаҳноз Сайфуллоева дар мавзӯи “Ҳунари заргарӣ: пайванди нақшҳои анъанавӣ ва равияҳои мӯд”, омӯзгори кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ Абутолиб Ҳайдаров дар мавзӯи “Рушди кандакорӣ дар меъмории Тоҷикистон” ва дотсенти кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ Муҳаммадрақиб Рақибов роҷеъ ба “Мақом ва маънои рамз дар наққошӣ” ва дигар омӯзгорон дар мавзӯъҳои мухталиф маърӯза карданд.
Дар хотимаи конфронс мудири кафедраи санъатшиносӣ Бика Ёғибекова таъкид кард, ки ҳамоиш барои рушди илму эҷод ва ташаккули маҳорати донишҷӯён дар соҳаи санъат ва ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти бузург дорад. Маърӯзаву муҳокимаҳо на танҳо ҷанбаҳои назариявӣ, балки таҷрибаҳои амалии омӯзгорон ва анъанаҳои миллӣ ва навини санъатро фаро мегиранд.
Гуфта шуд, ки конфронс ҳамчун минбари муҳими баррасиҳои илмӣ ва эҷодӣ дар замони истиқлолият саҳми назаррас дар таҳкими фарҳанг ва ҳунарҳои миллӣ ва ҳамзамон, омодагии мутахассисони оянда барои рушди соҳаҳои санъат ва дизайн дорад.