Имрӯз дар қироатхонаи китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ таҳти унвони «Истиқлолият – роҳ ба сӯи зиндагии пурсаодат» баргузор гардид.
Чорабиниро мудири китобхона Умед Одинабеков чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як кишвари ҷаҳон арзишмандтарин дастовард аст, зеро он ба ҳар як халқ шароити мусоид фароҳам оварда, сарнавишти имрӯзу фардои онро равшан месозад.
“Маҳз Истиқлоли давлатӣ буд, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба инкишофи мустақилона қадам гузошт. Маънии Истиқлолро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшан шарҳ додаанд: “Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад””, – гуфт номбурда.
Дар идома мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ дотсенти Усмонов Субҳон дар мавриди дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ маърӯза кард.
Ба таъкиди ӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистон соҳиби Истиқлолият гардид, Истиқлолияте, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳад буд. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Ҳамзамон, муаллими кафедараи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ дотсент Акобиров Саиднуриддин дар мавзӯи “Истиқлолият-нахустин фасли дафтари худшиносӣ” баромад кард.
Гуфта шуд, хушбахтии бузург ва асосие, ки имрӯз моро насиб гаштааст, бешубҳа Истиқлолият аст, зеро аз таҷриба давлатҳое, ки Истиқлолияти давлатии худро надоранду тобеи давлати бегона ҳастанд, ё аз таҷрибаи давлатҳои ҷангзада бо чашми хирад метавон дид, ки чӣ неъмати бузурге ҳаст дар давлати мустақилу озод, амну осоишта зиндагӣ кардан, ки биҳишти моро дар ин дунё мемонад.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни муассиса Ассозода Мансур (санъатшиносӣ), Ҳакимова Саноат (наққошӣ), Зайдуллоева Соябегим (санъатшиносӣ) ва Дафадоров Дафадор (наққошӣ) дар мавриди паҳлӯҳои мухталифи Истиқлоли давлатӣ маърӯза карданд.