Баланд аст аз фалак номи муаллим,
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам,
Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Бо ин мақсад дар амал ҷорӣ намудан мақсадҳои шоир санаи 08.09.2020 дар факултети дизайн ва 18.09.2020 дар факултети санъати тасвирӣ бо иқдоми Шӯрои кураторони донишкада ҷаласа доир гашт. Дар кори Шӯро масоили мубрами раванди тарбия: ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои кураторон дар соли таҳсили 2019-2020 ва вазифаҳо, ӯҳдадориҳо дар соли таҳсили нав, муҳокима ва тасдиқи Нақшаи кории Шӯрои кураторон, Низомномаи Шӯрои кураторони донишкада матраҳ шуданд. Ҳамзамон мавриди татбиқи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пандемия ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар раванди дарсҳои тарбиявӣ (кураторӣ) аз ҷониби сарпарастони гурӯҳҳои академӣ сухане чанд таъкид гардид.
Дар интиҳо қарор карда шуд, ки ба раванди тарбия дар донишкада такони сахту ҷиддие ногузир аст, то ки донишҷӯён ҳам ҷисман ва ҳам аз диди мафкура ва маънавиёт солиму варзида бошанд.
Муовини ректор оид ба тарбия ва равобити байналмилалӣ
Сардори шуъбаи тарбия
Садорати факултет
Шӯрои кураторон