23-феврали соли 2023 аз таъсисебии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон 30-сол пур мешавад. Фарорасии ин рӯзи таърихиро ба ҳамаи ҳамватанони гиромиқадр ва онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд, сидқан табрику таҳният менамоям.
Қувваҳои Мусаллахи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар обод гаштани Ватани азизамон сахми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кутоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба як нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, холо ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.
Зикр намудан бо маврид аст, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳарчанд роҳбарияти он вақтаи ҷумҳурӣ дар бобати созмон додани Артиши миллӣ кӯшишҳое аз худ нишон дода бошанд, ҳам вале он бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ амалӣ нагардиданд. Зеро вазъияти сиёсии он замон имконият намедод, ки мутобиқ ба шароити истиқлолияти давлатӣ Артиши миллӣ созмон дода шавад. Нахустин кӯшиш дар ин замина Фармони Президенти Тоҷикистон аз 24-декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Баъдтар 4-январи соли 1992 Фармон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10-июни соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Горди халқӣ ва 17-сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида бошанд, ҳам вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлолияти давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт. 18-декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии нерӯҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба души Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд, аз дигар ҷониб ба тавсиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард.
Хизмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қӯвваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳхои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал бароварад. Президени муаззами кишвар Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлолият тавсиф намуда қайд намуд, ки Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба меросии худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷи ҳифз намояд.
Заминаи аввалияи ташкили Артиши миллӣ бо таъсиси Бригадаи таъйиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҷмӯи вазифаҳояш ҳамчун нахустсохтори он 5-декабри соли 1992 ташкил карда шуд.
Дар ин замина17-уми феврали 1993 Низомномаи тартиби қабули Савганди ҳарбӣ, 26-умим июни соли 1993) Қонун дар бораи мудофиа ва Қонун дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, 02-юми августим соли 1993 Низомномаи додситони ҳарбӣ, қабул гардиданд, ки на танҳо асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ, балки шумораи онҳо, таъмину нигоҳдорӣ ва ҳаҷми маблағҷудокунии буҷетиро муайян намуд, инчунин масъалаҳои интизоми дохилӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбиро ба танзим дароварда, марҳилаи наверо дар такмили он ҳамчун сохтори ҳарбии давлатӣ ифшо намуд.
Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем,ки Кувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзҳои авали таъсисёбиааш якҷо бо мақомоти ҳифзи хуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар мубориза ба муқобили дастаҳои муссалаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ, хомуш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, он ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Хушбахтона имрӯз он мушкилоти солҳои пешин нарасидани афсарон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ ба назар намерасад. Акнун Қуваҳҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз нерӯҳои заминӣ, қувваҳои ҳарбӣ, неруҳои ҳавоӣ, қувваҳои махсус, нерӯҳои дифои ҳавоӣ, гвардияи миллии президентӣ ва қувваҳои амният иборатанд
Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи сарвари кишвар Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон амалан сурат ва моҳияти ташкилоти ҳарбиро соҳиб гашт.
Ҳоло Артиши миллии ҷумҳурӣ бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ садоқат ба касбу савганд вазифаи бошарафи худ ҳимояи ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаю меҳнати созандагии халқи худро анҷом медиҳанд.
Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ савганди ботантана дар назди Президенти кишвар ёдкардаи худро ҳамеша азиз мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси ҳомии миллати кӯҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро мардона пос медоранд.
Дар охир бори дигар Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон ва 30-солии таъсисёбии онро ба Шумо муборакбод мегуям.
Устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Субҳон Усмонов